Скрыть
5:5
5:8
Церковнославянский (рус)
И внесе́ Соломо́нъ свята́я дави́да отца́ сво­его́, сребро́ и зла́то и вся́ сосу́ды, и даде́ въ сокро́вище до́му Госпо́дня.
Тогда́ собра́ Соломо́нъ вся́ старѣ́йшины Изра́илевы и вся́ нача́лники колѣ́нъ, вожды́ оте́че­ст­въ сыно́въ Изра́илевыхъ во Иерусали́мъ, да воз­несу́тъ киво́тъ завѣ́та Госпо́дня от­ гра́да дави́дова, и́же е́сть Сiо́нъ.
И собра́шася ко царю́ вси́ му́жiе Изра́илевы въ пра́здникъ, се́й е́сть ме́сяцъ седмы́й.
И прiидо́ша вси́ старѣ́йшины Изра́илевы, и взя́ша вси́ леви́ти киво́тъ
и внесо́ша его́ и ски́нiю свидѣ́нiя и вся́ сосу́ды святы́я, и́же въ ски́нiи, и внесо́ша его́ свяще́н­ницы и леви́ти.
Ца́рь же Соломо́нъ и ве́сь со́нмъ сыно́въ Изра́илевыхъ, и боя́щiися и собра́нiи предъ киво́томъ, жря́ху телцы́ и о́вцы безчи́слен­ны и несочисля́емы от­ мно́же­ст­ва.
И внесо́ша свяще́н­ницы киво́тъ завѣ́та Госпо́дня на мѣ́сто его́, е́же е́сть моли́твен­никъ хра́ма, во свята́я святы́хъ, подъ крилѣ́ херуви́мовъ.
И бя́ху херуви́ми распросте́рше кри́ла своя́ надъ мѣ́стомъ киво́та, и покрыва́ху херуви́ми надъ киво́томъ и надъ носи́лами его́ свы́ше.
И дли́н­нѣе бя́ху носи́ла, и ви́дяхуся главы́ носи́лъ от­ святы́хъ въ лице́ моли́твен­ника, и не ви́дяхуся внѣ́, и бы́ша та́мо да́же до настоя́щаго дне́.
Ничто́же бѣ́ въ киво́тѣ, то́кмо двѣ́ скрижа́ли, и́хже положи́ Моисе́й въ Хори́вѣ, егда́ зако́нъ даде́ Госпо́дь сыно́мъ Изра́илевымъ, исходя́щымъ и́мъ изъ земли́ Еги́петскiя.
И бы́сть исходя́щымъ свяще́н­никомъ от­ святы́хъ, вси́ бо свяще́н­ницы, и́же ту́ обрѣто́шася, освяще́ни бы́ша и не бя́ху расположе́ни въ дневну́ю чреду́,
леви́ти же и пѣвцы́ вси́ съ сынми́ Аса́фовыми, со Ема́номъ, Идиѳу́момъ, и съ сынми́ и́хъ и съ бра́тiями и́хъ, облече́ни въ ри́зы льня́ны, въ кимва́лѣхъ и псалти́ри и гу́слехъ [воз­глаша́ху] стоя́ще предъ олтаре́мъ, и съ ни́ми жерце́въ сто́ два́десять трубя́ще труба́ми:
и бы́сть еди́нъ гла́съ въ трубле́нiи и въ псалмопѣ́нiи и въ воз­глаше́нiи гла́сомъ еди́нымъ е́же хвали́ти и исповѣ́датися Го́сподеви. И егда́ воз­двиго́ша гла́съ въ труба́хъ и кимва́лѣхъ и орга́нѣхъ пѣ́сней, и глаго́лаху: исповѣ́дайтеся Го́сподеви, я́ко бла́гъ, я́ко въ вѣ́къ ми́лость его́: и до́мъ испо́лнися о́блака сла́вы Госпо́дни,
и не мого́ша свяще́н­ницы ста́ти служи́ти от­ лица́ о́блака, напо́лни бо сла́ва Госпо́дня до́мъ Бо́жiй.
Ва тамоми коре ки Сулаймон барои хонаи Парвардигор ба ҷо овард, анҷом ёфт; ва Сулаймон он чиро, ки падараш Довуд вақф карда буд, овард, ва нуқра ва тилло ва тамоми колоро ба хазинаҳои хонаи Худо супурд.
Он гоҳ Сулаймон пирони Исроил, ва ҳамаи сардорони сибтҳо, раисони хонаводаҳои банӣ Исроилро дар Уршалим ҷамъ кард, то ки сандуқи паймони Парвардигорро аз шаҳри Довуд, ки Сион бошад, бароваранд.
Ва тамоми мардуми Исроил дар иди моҳи ҳафтум назди подшоҳ ҷамъ шуданд.
Ва ҳамаи пирони Исроил омаданд, ва левизодагон сандуқро бардоштанд.
Ва сандуқ, ва хаймаи ҷомеъ, ва тамоми колои покро, ки дар хайма буд, бардоштанд, – онҳоро коҳинон ва левизодагон бардоштанд.
Ва подшоҳ Сулаймон ва тамоми ҷамоати Исроил, ки ба ҳузури ӯ назди сандуқ ҷамъ шуда буданд, гӯсфандон ва говонро қурбонӣ карданд, ки миқдори онҳоро, ба сабаби бисёриашон, ба ҳисоб овардан ва муайян намудан мумкин набуд.
Ва коҳинон сандуқи паймони Парвардигорро ба маконаш, ба ҳарами хона, ба поки покҳо, зери болҳои каррубиён дароварданд.
Ва каррубиён болҳошонро бар макони сандуқ паҳн мекарданд, ва каррубиён сандуқ ва дастакҳояшро аз боло мепӯшониданд.
Ва дастакҳоро пеш кашида дароз карданд, ба тавре ки сари дастакҳои сандуқ пеши ҳарам намудор аён мешуданд, вале аз берун аён намудор намешуданд; ва онҳо то имрӯз дар он ҷоанд.
Дар сандуқ чизе набуд, ғайр аз лавҳҳое ки Мусо дар Ҳӯриб дар он гузошт, вақте ки Парвардигор бо банӣ Исроил, ҳангоми берун омаданашон аз Миср, паймон баст.
Ва чунин воқеъ шуд, ки чун коҳинон аз покгоҳ берун омаданд, – зеро ҳамаи коҳиноне ки дар он ҷо буданд, худро, сарфи назар аз навбатҳошон, пок карданд,
Ва ҳамаи левизодагони сароянда, яъне Ософ, Ҳеймон, Едутун, ва писаронашон, ва бародаронашон, либоси катон дар бар карда, бо санҷҳо ва барбатҳо ва удҳо ба тарафи шарқии қурбонгоҳ меистоданд, ва саду бист нафар коҳинон ҳамроҳи онҳо истода, карнай менавохтанд,
Ва ин карнайнавозон ва сарояндагон мисли як тан барои ҳамду санои Парвардигор якдилона овоз мебароварданд, ва ҳамин ки садои карнайҳо ва санҷҳо ва дигар асбоби мусиқиро баланд карда, Парвардигорро ҳамд гуфтанд, ки Ӯ некӯст, зеро ки меҳру вафои Ӯ ҷовидонист, – он гоҳ хона, хонаи Парвардигор, аз абр пур шуд,
Ва коҳинон, ба сабаби абр, натавонистанд барои хизмат биистанд, зеро ки ҷалоли Парвардигор хонаи Худоро пур карда буд.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible