Скрыть
36:3
36:4
36:5
36:7
36:10
36:12
36:14
36:16
36:18
36:24
36:30
36:33
36:34
36:37
«ВА ту, эй писари одам, дар бораи кӯҳҳои Исроил нубуваат намо ва бигӯй: эй кӯҳҳои Исроил! Каломи Парвардигорро бишнавед.
Парвардигор Худо чунин мегӯяд: азбаски душман дар ҳаққи шумо мегӯяд: ́Ҳай-ҳай! Баландиҳои қадимӣ ҳам мероси мо шудааст́,
Бинобар ин нубувват намо ва бигӯй: Парвардигор Худо чунин мегӯяд: азбаски шуморо валангор кардаанд ва аз ҳар ҷониб мехоҳанд фурӯ баранд, то ки мероси бақияи халқҳо шуда, вирди забон ва мавриди бӯҳтони мардум гардед,
Бинобар ин, эй кӯҳҳои Исроил, каломи Парвардигор Худоро бишнавед: Парвардигор Худо ба кӯҳҳо ва теппаҳо, ба рӯдхонаҳо ва дараҳо, ба вайронаҳои хало ва шаҳрҳои матрук, ки гирифтори тороҷ ва мавриди тамасхури бақияи халқҳои гирду атроф гардидаанд, чунин мегӯяд, –
Бинобар ин Парвардигор Худо чунин мегӯяд: Ман бо оташи рашки Худ дар ҳаққи бақияи халқҳо ва дар ҳаққи тамоми Адӯм сухан рондаам, ки онҳо замини Маро бо шодии ҳар дил ва бо нафрати амиқ мероси худ гардонидаанд, то ки чарогоҳҳои онро ба тороҷ диҳанд.
Бинобар ин дар бораи замини Исроил нубувват намо, ва ба кӯҳҳо ва теппаҳо, ба рӯдхонаҳо ва дараҳо бигӯй: Парвардигор Худо чунин мегӯяд: инак Ман дар рашк ва хашми Худ сухан рондаам, чунки шумо бори нанги халқҳоро бардоштаед.
Бинобар ин Парвардигор Худо чунин мегӯяд: Ман дасти Худро бардоштаам, ки халқҳое ки дар гирду атрофи шумо ҳастанд, худашон бори нанги худро хоҳанд бардошт.
Ва шумо, эй кӯҳҳои Исроил, шохаҳои худро хоҳед рӯёнид ва меваҳои худро барои қавми Ман – Исроил – хоҳед овард, зеро ки онҳо ба қарибӣ хоҳанд омад.
Зеро инак Ман сӯи шумо назар дӯхтаам, ва ба шумо рӯ меоварам, ва шумо шудгор ва кишт карда хоҳед шуд.
Ва Ман бар шумо мардуми бисёрро, – тамоми хонадони Исроилро саросар, – сокин хоҳам кард, ва шаҳрҳо маскун, ва харобаҳо обод хоҳад шуд.
Ва бар шумо одамон ва ҳайвонотро афзун хоҳам намуд, ва онҳо афзун ва боровар хоҳанд шуд; ва шуморо мисли айёми пештараатон маскун хоҳам кард, ва бар шумо бештар аз замони аввалаи шумо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, ва хоҳед донист, ки Ман Парвардигор ҳастам.
Ва одамонро, яъне қавми Худ – Исроилро, сӯи шумо равона хоҳам кард, ва онҳо туро тасарруф хоҳанд намуд, ва ту мероси онҳо хоҳӣ шуд, ва дигар ин фарзандони худро талаф нахоҳӣ кард.
Парвардигор Худо чунин мегӯяд: азбаски ба шумо мегӯянд: ́Ту мардумхӯр ҳастӣ ва халқҳои худро талаф мекардӣ́,
Бинобар ин минбаъд мардумхӯр нахоҳӣ буд, ва халқҳоятро дигар талаф нахоҳӣ кард, мегӯяд Парвардигор Худо.
Ва Ман дигар таҳқири халқҳоро ба ту нахоҳам шунавонид, ва бори нанги халқҳоро ту дигар нахоҳӣ бардошт, ва халқҳоятро дигар талаф нахоҳӣ кард, мегӯяд Парвардигор Худо».
Ва каломи Парвардигор бар ман нозил шуда, гуфт:
«Эй писари одам! Ҳангоме ки хонадони Исроил бар замини худ сокин буданд, онро бо рафтор ва кирдори худ палид сохтанд; рафтори онҳо дар назари Ман мисли палидии ҳайз буд.
Ва Ман аз боиси хуне ки онҳо бар замин рехтанд, ва онро бо бутҳои худ палид сохтанд, хашми Худро бар онҳо фурӯ рехтам.
Ва онҳоро дар миёни халқҳо пароканда кардам, ва онҳо дар кишварҳо парешон шуданд; бар тибқи рафтор ва кирдорашон Ман бар онҳо доварӣ намудам.
Ва ҳангоме ки онҳо назди халқҳое расиданд, ки ба он ҷо рафта буданд, номи поки Маро беҳурмат карданд, чунки дар ҳаққи онҳо мегуфтанд: ́Инҳо қавми Парвардигор ҳастанд ва аз замини Ӯ берун омадаанд́.
Ва Ман ба номи поки Худ афсӯс хӯрдам, ки онро хонадони Исроил дар миёни халқҳое ки наздашон омада буданд, беҳурмат карданд.
Бинобар ин ба хонадони Исроил бигӯй: Парвардигор Худо чунин мегӯяд: на ба хотири шумо, эй хонадони Исроил, инро ба амал меоварам, балки ба хотири номи поки Худ, ки онро дар миёни халқҳое ки наздашон омада будед, беҳурмат кардед.
Ва Ман номи бузурги дар миёни халқҳо беҳурматшудаи Худро, ки шумо онро андаруни онҳо беҳурмат кардед, тақдис хоҳам намуд, ва ҳангоме ки дар пеши назари халқҳо ба воситаи шумо тақдис ёбам, онҳо хоҳанд донист, ки Ман Парвардигор ҳастам.
Ва шуморо аз миёни халқҳо хоҳам гирифт, ва шуморо аз ҳамаи кишварҳо ҷамъ хоҳам кард, ва шуморо ба замини шумо хоҳам овард.
Ва оби пок бар шумо хоҳам пошид, ва шумо пок хоҳед шуд; аз ҳамаи палидиҳотон ва аз ҳамаи бутҳотон шуморо пок хоҳам кард.
Ва дили тоза ба шумо хоҳам дод, ва рӯҳи тоза андаруни шумо хоҳам ниҳод; ва дили сангинро аз ҷисми шумо дур хоҳам кард, ва дили гӯштин ба шумо хоҳам бахшид.
Ва рӯҳи Худро андаруни шумо хоҳам ниҳод, ва шуморо водор хоҳам намуд, ки бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва дастурҳои Маро риоя намоед ва ба ҷо оваред.
Ва дар замине ки ба падарони шумо додаам, сукунат хоҳед дошт, ва қавми Ман хоҳед буд, ва Ман Худои шумо хоҳам буд.
Ва шуморо аз ҳамаи палидиҳои шумо наҷот хоҳам дод; ва ғалладонаро хонда, онро фаровон хоҳам гардонид, ва шуморо ба қаҳтӣ гирифтор нахоҳам кард.
Ва меваи дарахтон ва ҳосили саҳроро афзун хоҳам кард, то ки дигар дар миёни халқҳо бори нанги қаҳтиро набардоред.
Ва ҳангоме ки рафтори бади худ ва кирдори зишти худро ба ёд оваред, барои гуноҳҳо ва каҷкориҳои худ аз худатон нафрат пайдо хоҳед кард.
Бидонед, ки Ман инро на ба хотири шумо ба амал меоварам, мегӯяд Парвардигор Худо; аз рафтори худ шарм кунед ва хиҷил шавед, эй хонадони Исроил!
Парвардигор Худо чунин мегӯяд: дар рӯзе ки шуморо аз ҳамаи гуноҳҳотон пок намоям, Ман шаҳрҳоро маскун хоҳам гардонид, ва харобаҳо обод хоҳад шуд;
Ва замини харобае ки дар назари ҳар раҳгузар вайронаю валангор буд, кор карда хоҳад шуд;
Ва хоҳанд гуфт: ́Ин замине ки хароба буд, мисли боғи Адан шудааст, ва ин шаҳрҳое ки хароба ва вайронаю валангор буд, ҳисордор ва маскун гардидааст́.
Ва халқҳое ки дар гирду пеши шумо боқӣ мондаанд, хоҳанд донист, ки Ман, ки Парвардигор ҳастам, вайронаҳоро бино кардаам, ва харобазорро дарахт шинонидаам; Ман, ки Парвардигор ҳастам, гуфтам ва ба амал овардам.
Парвардигор Худо чунин мегӯяд: боз инро хонадони Исроил аз Ман дархост хоҳанд кард, ки барояшон ба амал оварам: онҳоро мисли рамаи одамон афзун хоҳам кард, –
Мисли рамаи қурбонӣ, мисли рамаи Ерусалим дар рӯзҳои иди он; ҳамчунин шаҳрҳои хароба аз рамаи одамон пур хоҳад шуд, ва хоҳанд донист, ки Ман Парвардигор ҳастам».

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible