Скрыть
8:6
8:7
8:8
8:9
8:13
8:14
8:15
8:17
Церковнославянский (рус)
И бы́сть въ лѣ́то шесто́е въ шесты́й ме́сяцъ, въ пя́тый де́нь ме́сяца, а́зъ сѣдѣ́хъ въ дому́ мо­е́мъ, и старѣ́йшины Иу́дины сѣдя́ху предо мно́ю, и бы́сть на мнѣ́ рука́ Адонаи́ Го́спода.
И ви́дѣхъ, и се́, подо́бiе му́жа, от­ чре́слъ его́ и да́же до ни́зу о́гнь, от­ чре́слъ же его́ въ ве́рхъ его́ я́коже видѣ́нiе зари́ и я́ко взо́ръ иле́ктра.
И простре́ подо́бiе руки́ и взя́ мя́ за ве́рхъ главы́ мо­ея́, и взя́ мя́ ду́хъ средѣ́ земли́ и средѣ́ небесе́ и веде́ мя во Иерусали́мъ въ видѣ́нiи Бо́жiи на преддве́рiе вра́тъ вну́трен­нѣйшихъ зря́щихъ на сѣ́веръ, идѣ́же бѣ́ сто́лпъ и о́бразъ ре́вности при­­тяжава́ющаго.
И се́, ту́ бя́ше сла́ва Го́спода Бо́га Изра́илева по видѣ́нiю, е́же ви́дѣхъ на по́ли.
И рече́ ко мнѣ́: сы́не человѣ́чь, воз­зри́ очи́ма тво­и́ма на сѣ́веръ. И воз­зрѣ́хъ очи́ма мо­и́ма на сѣ́веръ, и се́, от­ сѣ́вера ко врато́мъ зря́щымъ на восто́къ тре́бника, идѣ́же о́бразъ рве́нiя сего́ во вхо́дѣ.
И рече́ ко мнѣ́: сы́не человѣ́чь, ви́дѣлъ ли еси́, что́ сі́и творя́тъ? беззако́нiя вели́ка до́мъ Изра́илевъ твори́тъ здѣ́, е́же удаля́тися от­ святы́нь мо­и́хъ: е́же обрати́вся у́зриши бо́лшая беззако́нiя.
И введе́ мя ко предвра́тiю двора́, и ви́дѣхъ, и се́, сква́жня еди́на въ стѣнѣ́.
И рече́ ко мнѣ́: сы́не человѣ́чь, раскопа́й стѣ́ну. И раскопа́хъ, и се́, две́рь еди́на.
И рече́ ко мнѣ́: вни́ди и ви́ждь беззако́нiя зла́я, я́же творя́тъ сі́и здѣ́.
И внидо́хъ и ви́дѣхъ, и се́, вся́кое подо́бiе га́да и скота́, су́етная гнуше́нiя и вся́цыи кумíры до́му Изра́илева напи́сани бы́ша на стѣнѣ́ всю́ду о́коло.
И се́дмьдесятъ муже́й от­ старѣ́йшинъ до́му Изра́илева, и Иезо́нiа сы́нъ Сафа́новъ посредѣ́ и́хъ стоя́ше предъ лице́мъ и́хъ, и кі́йждо кади́лницу свою́ имѣ́яше въ руцѣ́ сво­е́й, и ды́мъ кади́ла восхожда́­ше.
И рече́ ко мнѣ́: ви́дѣлъ ли еси́, сы́не человѣ́чь, я́же ста́рцы до́му Изра́илева творя́тъ здѣ́, кі́йждо и́хъ на ло́жи та́йнѣмъ сво­е́мъ, зане́ рѣ́ша: не ви́дитъ Госпо́дь, оста́вилъ Госпо́дь зе́млю.
И рече́ ко мнѣ́: еще́ обрати́ся, и у́зриши беззако́нiя бо́лшая, я́же сі́и творя́тъ.
И введе́ мя въ преддве́рiе вра́тъ до́му Госпо́дня зря́щихъ на сѣ́веръ: и се́, та́мо жены́ сѣдя́щыя пла́чущяся о Ѳамму́зѣ.
И рече́ ко мнѣ́: сы́не человѣ́чь, ви́дѣлъ еси́, и еще́ у́зриши ме́рзости и́хъ бо́лшыя си́хъ.
И введе́ мя во дво́ръ до́му Госпо́дня вну́трен­нiй, и въ преддве́рiе хра́ма Госпо́дня, между́ Ела́момъ и между́ же́ртвен­никомъ, я́ко два́десять и пя́ть муже́й, за́дняя своя́ да́в­шихъ ко хра́му Госпо́дню, и ли́ца и́хъ пря́мо къ восто́ку: и сі́и покланя́ют­ся на восто́къ со́лнцу.
И рече́ ко мнѣ́: ви́дѣлъ еси́, сы́не человѣ́чь, еда́ ма́ло до́му Иу́дину, е́же твори́ти беззако́нiя, я́же сотвори́ша здѣ́? поне́же напо́лниша зе́млю беззако́нiя, и обрати́шася разгнѣ́вати мя́: и се́, сі́и простира́ютъ ло́зу а́ки руга́ющеся мнѣ́:
и а́зъ сотворю́ и́мъ съ я́ростiю: не пощади́тъ о́ко мое́, и не поми́лую: и воз­зову́тъ во у́шы мо­и́ гла́сомъ вели́кимъ, и не услы́шу и́хъ.
ВА чунин воқеъ шуд, ки дар соли шашум, дар рӯзи панҷуми моҳи шашум, ман дар хонаи худ нишаста будам, ва пирони Яҳудо пеши ман нишаста буданд, ва дар он ҷо дасти Парвардигор Худо бар ман фурӯд омад.
Ва ман дидам, ки инак сурате мисли намуди оташ буд; аз намуди камараш то поён – оташ, ва аз камараш то боло мисли намуди дурахше, мисли барқе буд.
Ва чизе мисли даст дароз карда, маро аз мӯи сарам қапид, ва Рӯҳи Худо маро дар мобайни замин ва осмон бардошт, ва маро дар рӯъёҳои Худо ба Ерусалим, ба даҳани дарвозаи дохилӣ, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, овард, ки дар он ҷо бути рашки рашкангез гузошта шуда буд.
Ва инак дар он ҷо ҷалоли Худои Исроил мисли он намуде буд, ки ман дар даштрӯя дида будам.
Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Чашмонатро ба тарафи роҳи шимолӣ баланд кун». Ва ман чашмонамро ба тарафи роҳи шимолӣ баланд кардам, ва инак ба тарафи шимолии дарвозаи қурбонгоҳ ин бути рашкро назди даромадгоҳ дидам.
Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Оё ту он чиро, ки онҳо мекунанд, мебинӣ? Он корҳои зишти азимеро, ки хонадони Исроил дар ин ҷо мекунанд, то ки Ман аз хонаи поки Худ дур шавам? Валекин ту боз корҳои зишти азимтарро хоҳӣ дид».
Ва маро назди даромадгоҳи саҳн овард, ва ман назар кардам, ва инак сӯрохе дар девор буд.
Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Деворро бикан». Ва ман деворро кандам, ва инак даромадгоҳе пайдо шуд.
Ва ба ман гуфт: «Дохил шав ва корҳои зишти нафратангезро, ки онҳо дар ин ҷо мекунанд, бубин».
Ва ман дохил шуда, дидам, ва инак ҳар гуна нақшҳои хазандагон ва ҳайвонҳои наҷис, ва ҳамаи бутҳои хонадони Исроил бар девор гирдогирд ҳак карда шудааст.
Ва ҳафтод нафар аз пирони хонадони Исроил пеши онҳо истодаанд, ва Яазанё ибни Шофон дар миёни онҳо истодааст, ва ҳар яке маҷмари худро дар даст дорад, ва бӯи абри бухур боло мебарояд.
Ва ба ман гуфт: «Оё ту, эй писари одам, он чиро, ки пирони хонадони Исроил дар торикӣ, ҳар яке дар ҳуҷраҳои бутпарастии худ мекунанд, дидӣ? Зеро ки мегӯянд: ́Парвардигор моро намебинад, Парвардигор ин заминро тарк кардааст́».
Ва ба ман гуфт: «Боз корҳои зишти азимтарро, ки онҳо мекунанд, хоҳӣ дид».
Ва маро ба даҳани дарвозаи хонаи Парвардигор, ки ба тарафи шимол буд, овард, ва инак дар он ҷо заноне нишастаанд, ки барои Таммуз навҳагарӣ мекунанд.
Ва ба ман гуфт: «Оё дидӣ, эй писари одам? Боз корҳои зишти аз ин азимтарро хоҳӣ дид».
Ва маро ба саҳни дохилии хонаи Парвардигор овард, ва инак назди дари даромади толори маъбади Парвардигор, дар миёни равоқ ва қурбонгоҳ, тақрибан бисту панҷ кас истодаанд, ки пуштҳошон ба толори маъбади Парвардигор ва рӯйҳошон ба тарафи шарқ мебошад, ва онҳо ба тарафи шарқ ба офтоб саҷда мекунанд.
Ва ба ман гуфт: «Оё дидӣ, эй писари одам? Оё барои хонадони Яҳудо кардани чунин корҳои зишт, ки дар ин ҷо мекунанд, кам аст, ки боз онҳо заминро аз зулм пур мекунанд ва ба роҳи бутпарастӣ баргашта, Маро ба ғазаб меоваранд? Инак онҳо навдаеро ба биниҳои худ медоранд.
Бинобар ин Ман низ бо ғазаб амал хоҳам намуд: чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, ва ҳарчанд ба гӯшҳои Ман бо овози баланд бихонанд, онҳоро иҷобат нахоҳам намуд».

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible