Скрыть
10:10
10:11
10:14
10:15
10:17
10:27
10:31
10:32
Церковнославянский (рус)
Го́ре пи́шущымъ лука́в­ст­во: пи́шущiи бо лука́в­ст­во пи́шутъ,
укланя́юще су́дъ убо́гихъ, восхища́юще су́дъ ни́щихъ люді́й мо­и́хъ, я́ко бы́ти и́мъ вдови́цѣ въ расхище́нiе и сиротѣ́ въ разграбле́нiе.
И что́ сотворя́тъ въ де́нь посѣще́нiя? ско́рбь бо ва́мъ от­дале́че прiи́детъ. И къ кому́ при­­бѣ́гнете, да помо́жетъ ва́мъ? И гдѣ́ оста́вите сла́ву ва́шу,
е́же не впа́сти въ плѣне́нiе? И подъ убiе́ными паду́тъ. И во всѣ́хъ си́хъ не от­врати́ся гнѣ́въ его́, но еще́ рука́ его́ высока́.
Го́ре Ассири́емъ, же́злъ я́рости мо­ея́ и гнѣ́въ е́сть въ руку́ и́хъ.
Гнѣ́въ мо́й послю́ на язы́къ беззако́ненъ, и сво­и́хъ люді́й повелю́ сотвори́ти коры́сти и плѣне́нiе, и попра́ти гра́ды и положи́ти я́ въ пра́хъ.
Се́й же не та́ко помы́сли и душе́ю не та́ко воз­мнѣ́: но от­сту́питъ у́мъ его́, и е́же потреби́ти язы́ки не ма́лы.
И а́ще реку́тъ ему́: ты́ ли еси́ еди́нъ кня́зь?
И рече́тъ: не взя́хъ ли страны́, я́же вы́ше Вавило́на и хала́ни, идѣ́же сто́лпъ созда́нъ, и взя́хъ Араві́ю и Дама́скъ и самарі́ю?
Я́коже сiя́ взя́хъ, и вся́ княже́нiя воз­му́. Возрыда́йте, изва́ян­ная во Иерусали́мѣ и въ самарі́и:
я́коже бо сотвори́хъ самарі́и и рукотворе́н­нымъ ея́, та́ко сотворю́ и Иерусали́му и кумíромъ его́.
И бу́детъ, егда́ сконча́етъ Госпо́дь вся́ творя́ въ горѣ́ Сiо́ни и во Иерусали́мѣ, наведе́тъ на у́мъ вели́кiй, на кня́зя Ассирі́йска и на высоту́ сла́вы о́чiю его́.
Рече́ бо: крѣ́постiю руки́ мо­ея́ сотворю́, и прему́дростiю ра́зума [мо­его́] от­иму́ предѣ́лы язы́ковъ, и си́лу и́хъ плѣню́,
и сотрясу́ гра́ды населе́ныя, и вселе́н­ную всю́ объиму́ руко́ю мо­е́ю я́ко гнѣздо́, и я́ко оста́вленая я́ица воз­му́: и нѣ́сть, и́же убѣжи́тъ мене́, или́ проти́ву мнѣ́ рече́тъ, и от­ве́рзетъ уста́ и глуми́тъ.
Еда́ просла́вит­ся сѣки́ра безъ сѣку́щаго е́ю? или́ воз­несе́т­ся пила́ безъ влеку́щаго ю́? Та́кожде а́ще кто́ во́зметъ же́злъ, или́ дре́во: и не та́ко.
Но по́слетъ Госпо́дь Савао́ѳъ на твою́ че́сть безче́стiе, и на твою́ сла́ву о́гнь горя́ воз­гори́т­ся.
И бу́детъ свѣ́тъ Изра́илевъ во о́гнь, и освяти́тъ его́ огне́мъ горя́щимъ, и поя́стъ я́ко сѣ́но веще­с­т­во́.
Въ то́й де́нь уга́снутъ го́ры и хо́лми и дубра́вы, и поя́стъ от­ души́ да́же до пло́тей: и бу́детъ бѣжа́й, я́ко бѣжа́й от­ пла́мене горя́ща:
и оста́вльшiися от­ ни́хъ бу́дутъ въ число́, и отроча́ ма́лое напи́шетъ я́.
И бу́детъ въ то́й де́нь, не при­­ложи́т­ся ктому́ оста́нокъ Изра́илевъ, и спасе́н­нiи Иа́ковли не бу́дутъ ктому́ упова́юще на оби́дѣв­шыя и́хъ, но бу́дутъ упова́юще на Бо́га свята́го Изра́илева и́стиною.
И обрати́т­ся оста́нокъ Иа́ковль къ Бо́гу крѣ́пкому.
И а́ще бу́дутъ лю́дiе Изра́илевы я́ко песо́къ морскі́й, оста́нокъ и́хъ спасе́т­ся:
сло́во бо соверша́я и сокраща́я пра́вдою, я́ко сло́во сокраще́но сотвори́тъ Госпо́дь во все́й вселе́н­нѣй.
Сего́ ра́ди сiя́ глаго́летъ Госпо́дь Савао́ѳъ: не бо́йтеся, лю́дiе мо­и́, от­ Ассирі́анъ, живу́щiи въ Сiо́нѣ, я́ко жезло́мъ порази́тъ тя́: я́зву бо наво́дитъ на тя́, е́же ви́дѣти пу́ть Еги́пта.
Еще́ бо ма́ло, и преста́нетъ гнѣ́въ, я́рость же моя́ на совѣ́тъ и́хъ:
и воз­дви́гнетъ Бо́гъ си́лъ на ня́ я́зву, я́ко я́зву Мадiа́млю на мѣ́стѣ ско́рби, и я́рость его́ на пу́ть и́же къ мо́рю, на пу́ть и́же во Еги́петъ:
и бу́детъ въ то́й де́нь, отъ­и́мет­ся и́го его́ от­ ра́мене тво­его́ и стра́хъ его́ от­ тебе́, и согнiе́тъ и́го от­ ра́менъ ва́шихъ.
Прiи́детъ бо во гра́дъ Агга́й, и пре́йдетъ въ Магеддо́, и въ Махма́сѣ положи́тъ сосу́ды своя́.
И мине́тъ де́брь, и прiи́детъ во Агга́й: стра́хъ прiи́метъ раму́ гра́дъ Сау́ловъ,
побѣ́гнетъ дще́рь Гали́мля, услы́шит­ся въ лаисѣ́, услы́шит­ся во Анаѳо́ѳѣ.
И ужасе́ся Мадеми́на и живу́щiи во гиви́мѣ.
Утѣша́йте дне́сь е́же на пути́ пребы́ти: утѣша́йте руко́ю го́ру дще́рь Сiо́ню, и хо́лми, и́же во Иерусали́мѣ:
се́, Влады́ка Госпо́дь Савао́ѳъ смяте́тъ сла́вныя со крѣ́постiю, и высо́цiи укори́зною сокруша́т­ся, и высо́цыи смиря́т­ся,
и паду́тъ высо́цыи мече́мъ, Лива́нъ же съ высо́кими паде́т­ся.
ЭЙ вой бар қонунгузороне ки ҷафоро ба ҳукми қонун медароранд; ва эй вой бар котибоне ки аҳкоми ноинсофона менависанд,
Барои он ки мискинонро аз доварӣ маҳрум созанд, ва ҳуқуқи мазлумони қавми Маро бирабоянд, то ки бевазанонро ғанимати худ гардонанд, ва ятимонро толону тороҷ кунанд!
Пас шумо дар рӯзи доварӣ, ва дар таҳлукае ки аз дурдаст меояд, чӣ хоҳед кард? Аз кӣ барои мадад паноҳ хоҳед ҷуст? Ва сарвати худро дар куҷо пинҳон хоҳед кард?
Магар ин ки дар миёни бандиён сари таслим фурӯд оваранд ва дар миёни мақтулон фурӯ ғалтанд; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
Ҳой, Ашшур, ки чӯбдасти ғазаби Ман аст, ва қаҳри Ман асоест дар дасти вай!
Ман вайро ба муқобили халқи риёкор хоҳам фиристод, ва бар зиддӣ қавми хашмовари Ман амр хоҳам фармуд, ки ғанимат бигирад ва ба яғмо бибарад, ва онҳоро мисли лойи кӯчаҳо поймол кунад.
Валекин вай ин гуна фикр намекунад, ва андешаи дили вай чунин нест, балки дар дили худ ҳавас дорад, ки халқҳои бисёрро торумор ва нобуд созад;
Зеро ки мегӯяд: «Мирони ман, охир, саросар подшоҳонанд!
Калну, охир, мисли Каркамиш таслим шудааст! Оё Ҳамот мисли Арфод нест? Оё Сомария мисли Димишқ нест?
Чунон ки дасти ман бар мамлакатҳои бутпараст зафар ёфтааст, ва ҳол он ки санамҳошон аз санамҳои Ерусалим ва Сомария зиёдтар буд,
Чунон ки, охир, бо Сомария ва бутҳояш амал кардаам, ончунон бо Ерусалим ва ҳайкалҳояш амал хоҳам кард».
Ва воқеъ хоҳад шуд, баъд аз он ки Парвардигор тамоми амали Худро бар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим анҷом диҳад, Ӯ хоҳад гуфт: «Ман лофу газофи дили пурғурури подшоҳи Ашшур ва нигоҳи ҳавобаландонаи чашмони вайро ба ҷазо гирифтор хоҳам кард».
Зеро ки вай мегӯяд: «Бо қуввати дасти худ ва бо ҳикмати худ ин корро кардам, чунки хирадманд ҳастам; ва ҳудуди қавмонро аз миён бардоштам, ва хазоини онҳоро толону тороҷ намудам, ва мисли баҳодуре бар тахт нишастагонро вожгун сохтам;
Ва дасти ман сарвати қавмонро мисли лонае гирифтааст, ва мисли он ки тухмҳои дар лона бударо чида мегиранд, ман тамоми заминро чида гирифтам, ва ҷонваре набуд, ки бол ҷунбонад, ва даҳон кушояд, ва чириқ-чириқ кунад».
Оё табар бар касе ки бо он мешиканад, ғурур хоҳад кард? Оё арра бар касе ки онро мекашад, фахр хоҳад намуд? Гӯё ки чӯбдаст баландкунандаи худро ба ҳаракат меоварда бошад! Гӯё ки асо он чиро, ки чӯб нест, баланд мекарда бошад!
Бинобар ин Парвардигор, Парвардигори лашкарҳо, ба фарбеҳони вай лоғарӣ хоҳад фиристод, ва дар ивази ҷалоли вай сӯхторе мисли сӯхтани оташ барафрӯхта хоҳад шуд.
Ва Нури Исроил оташ, ва Поки он аланга хоҳад шуд, ва явшону хори шутури вайро дар як рӯз сӯзонида, хоҳад хӯрд;
Ва ҷалоли ҷангали вайро, ва боғистони вайро, аз ҷон то ҷисм, нобуд хоҳад кард; ва он мисли ранҷуре обу адо хоҳад шуд.
Ва бақияи дарахтони ҷангали вай он қадар камшумор хоҳад буд, ки кӯдаке онҳоро ба рӯйхат тавонад гирифт.
Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки бақияи Исроил ва растагорони хонадони Яъқуб дигар ба занандаи худ эътимод нахоҳанд кард, балки ба Парвардигор, ки Поки Исроил аст, аз сидқи дил таваккал хоҳанд намуд.
Бақия хоҳад баргашт: бақияи Яъқуб – сӯи Худои Ҷаббор.
Зеро, ҳарчанд қавми ту, эй Исроил, мисли реги дарё бошанд ҳам, фақат бақияе аз онҳо хоҳад баргашт: ҳалокате ки муқаррар гардидааст, аз рӯи адолат ба амал хоҳад омад.
Зеро ки Парвардигор, Парвардигори лашкарҳо, ҳалокати муқарраргардидаро бар тамоми замин ба амал хоҳад овард.
Бинобар ин Парвардигор, Парвардигори лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Эй қавми Ман, ки дар Сион сокин ҳастед! Аз Ашшур натарсед; вай бо чӯбдаст шуморо хоҳад зад, ва мисли Миср асои худро бар шумо хоҳад бардошт.
Вале баъд аз замони бағоят каме ғазаби Ман фурӯ хоҳад нишаст, ва хашми Ман ба нобуд кардани онҳо нигаронида хоҳад шуд.
Ва Парвардигори лашкарҳо бар вай тозиёна хоҳад бардошт, мисли зарбаи Мидён бар кӯҳпораи Ӯреб; ва асои Ӯ бар баҳр хоҳад буд, ва онро баланд хоҳад кард, чунон ки бар Миср баланд карда буд.
Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки бори вай аз дӯши ту, ва юғи вай аз гардани ту нест хоҳад шуд; ва юғ ба сабаби чарб зиён хоҳад дид».
Вай ба Айёт расид; аз Маҷрун гузашт; захоири худро дар Михмос монд.
Аз маъбар гузаштанд; дар Ҷабъ манзил карданд; аҳли Рома ба ҳарос афтоданд; аҳли Ҷабъаи Шоул рӯй ба гурез оварданд.
Бо овози худ фиғон бардор, эй духтари Ҷалим! Гӯш андоз, эй Лайшо! Ҷавоб гардон, эй Анотӯт!
Аҳли Мадмено гурехтанд, сокинони Ҷебим сӯи паноҳгоҳ шитофтанд.
Худи имрӯз вай дар Нӯб мавқеъ мегирад; ба кӯҳи духтари Сион, ба теппаи Ерусалим дасти душманӣ дароз мекунад.
Инак, Парвардигор, Парвардигори лашкарҳо, бо қуввати саҳмгине шоху баргҳоро парешон хоҳад кард, ва баландқоматон бурида хоҳанд шуд, ва олимақомон вожгун хоҳанд гардид.
Ва шохаҳои печ дар печи ҷангалро бо оҳан қатъ хоҳад кард, ва Лубнон аз дасти неруманд фурӯ хоҳад ғалтид.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible