Скрыть
24:3
24:4
24:7
24:9
24:10
24:11
24:12
24:15
24:16
24:17
Синодальный
1 Господь опустошает землю; 4 высокомерный народ поникнет; 10 город опустел, нет собирания винограда. 14 Песнь о величии Господа. 17 Ужас, яма и петля; полное разрушение земли. 21 Господь накажет и воцарится в Сионе.
Вот, Господь опустошает землю и делает ее бесплодною; изменяет вид ее и рассевает живущих на ней.
И что будет с народом, то и со священником; что со слугою, то и с господином его; что со служанкою, то и с госпожою ее; что с покупающим, то и с продающим; что с заемщиком, то и с заимодавцем; что с ростовщиком, то и с дающим в рост.
Земля опустошена вконец и совершенно разграблена, ибо Господь изрек слово сие.
Сетует, уныла земля; поникла, уныла вселенная; поникли возвышавшиеся над народом земли́.
И земля осквернена под живущими на ней, ибо они преступили законы, изменили устав, нарушили вечный завет.
За то проклятие поедает землю, и несут наказание живущие на ней; за то сожжены обитатели земли, и немного осталось людей.
Плачет сок грозда; болит виноградная лоза; воздыхают все веселившиеся сердцем.
Прекратилось веселье с тимпанами; умолк шум веселящихся; затихли звуки гуслей;
уже не пьют вина с песнями; горька сикера для пьющих ее.
Разрушен опустевший город, все домы заперты, нельзя войти.
Плачут о вине на улицах; помрачилась всякая радость; изгнано всякое веселье земли.
В городе осталось запустение, и ворота развалились.
А посреди земли, между народами, будет то же, что бывает при обивании маслин, при обирании винограда, когда кончена уборка.
Они возвысят голос свой, восторжествуют в величии Господа, громко будут восклицать с моря.
Итак славьте Господа на востоке, на островах морских – имя Господа, Бога Израилева.
От края земли мы слышим песнь: «Слава Праведному!» И сказал я: беда мне, беда мне! увы мне! злодеи злодействуют, и злодействуют злодеи злодейски.
Ужас и яма и петля для тебя, житель земли!
Тогда побежавший от крика ужаса упадет в яму; и кто выйдет из ямы, попадет в петлю; ибо окна с небесной высоты растворятся, и основания земли потрясутся.
Земля сокрушается, земля распадается, земля сильно потрясена;
шатается земля, как пьяный, и качается, как колыбель, и беззаконие ее тяготеет на ней; она упадет, и уже не встанет.
И будет в тот день: посетит Господь воинство выспреннее на высоте и царей земных на земле.
И будут собраны вместе, как узники, в ров, и будут заключены в темницу, и после многих дней будут наказаны.
И покраснеет луна, и устыдится солнце, когда Господь Саваоф воцарится на горе Сионе и в Иерусалиме, и пред старейшинами его будет слава.
ИНАК, Парвардигор заминро холӣ ва хароб мекунад, ва сатҳи онро дигаргун месозад, ва сокинони онро пароканда менамояд.
Ва чунон ки қавм бошанд, ончунон коҳин хоҳад буд, чунон ки ғулом – ончунон хоҷааш, чунон ки каниз – ончунон хотунаш, чунон ки харидор – ончунон фурӯшанда, чунон ки қарзхоҳ – ончунон қарздор, чунон ки даъвогар – ончунон ҷавобгар.
Замин тамоман беодам ва толону тороҷ хоҳад шуд, зеро ки Парвардигор ин суханро гуфтааст.
Замин мотам гирифтааст, сархам шудааст; дунё афсурдахотир ва сархам шудааст; олимақомони қавми замин афсурдахотир шудаанд.
Ва замин зери сокинонаш палид шудааст, зеро ки онҳо дастурҳоро поймол кардаанд, аз фароиз берун баромадаанд, паймони ҷовидониро шикастаанд.
Бинобар ин лаънат заминро хӯрдааст, ва сокинони он ба ҷазо дучор шудаанд; бинобар ин сокинони замин сӯхтаанд, ва аз одамон андаке боқӣ мондаанд.
Шираи ангур мотам гирифтааст; ток афсурдахотир шудааст; ҳамаи шоддилон оҳ мекашанд.
Шодмонии дафҳо барҳам хӯрдааст; ғавғои айёшон хотима ёфтааст; шодмонии барбатҳо барҳам хӯрдааст.
Дигар бо суруд шароб наменӯшанд; арақ барои нӯшандагонаш талх шудааст.
Шаҳри хароба ба шикаст гирифтор шудааст; ҳар хона баста аст, ва касе наметавонад дарояд.
Дар кӯчаҳо аз барои шароб фиғон мекашанд; ҳар гуна сурур тира гардидааст; шодмонии замин талаф шудааст.
Дар шаҳр харобӣ ҳукмфармост, ва дарвозаи он шикаста пора-пора шудааст.
Ва дар миёни замин, дар байни қавмон ончунон хоҳад шуд, чунон ки дар вақти зада афшондани дарахти зайтун ва баъд аз анҷоми ангурчинӣ якчанд шингиле боқӣ мемонад.
Онҳо овози худро баланд карда, тараннум хоҳанд намуд: дар бораи кибриёи Парвардигор аз ҷониби баҳр бо шодӣ садо хоҳанд баровард.
Бинобар ин Парвардигорро дар шарқ, ва номи Парвардигор Худои Исроилро дар ҷазираҳои ғарб ҷалол диҳед.
Аз ақсои замин мо сурудҳоро шунидаем: «Одилро ҷалол бод!» Ва ман гуфтам: «Дареғо бар ман! Дареғо бар ман! Вой бар ман! Хоинон хиёнат кардаанд, ва хоинон хиёнат бар хиёнат зам кардаанд».
Эй сокини замин, тарс ва чоҳ ва дом бар туст!
Ва воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кӣ аз овози тарс бигрезад, ба чоҳ хоҳад афтод; ва ҳар кӣ аз даруни чоҳ барояд, ба дом хоҳад афтод; зеро ки равзанҳо аз афроз кушода хоҳад шуд, ва асосҳои замин ба ларза хоҳад омад.
Замин пора-пора шудааст, замин аз ҳам ҷудо шудааст, замин вожгун гардидааст.
Замин мисли маст мекалавад, ва мисли арғунчак алвонҷ мехӯрад; ва ҷинояташ бар он гаронӣ мекунад; ва фурӯ хоҳад ғалтид, ва дигар нахоҳад бархост.
Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Парвардигор лашкари афрозро бар афроз, ва подшоҳони заминро бар замин тафаққуд намуда, ҷазо хоҳад дод.
Ва мисли издиҳоми бандиён дар чоҳе ҷамъ оварда хоҳанд шуд, ва дар зиндон баста хоҳанд шуд, ва баъд аз рӯзҳои бисёр тафаққуд карда хоҳанд шуд.
Ва моҳ хиҷил, ва офтоб шармсор хоҳад шуд, зеро ки Парвардигори лашкарҳо бар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим салтанат хоҳад ронд, ва ба ҳузури пирони Худ ҷалол хоҳад ёфт.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible