Скрыть
34:4
34:6
34:8
34:10
34:11
34:12
34:15
34:16
34:19
34:21
34:22
Церковнославянский (рус)
Сло́во, е́же бы́сть ко иеремі́и от­ Го́спода, егда́ Навуходоно́соръ ца́рь Вавило́нскiй и вси́ во́и его́, и вся́ земля́ вла́сти его́ и вси́ лю́дiе во­ева́ху на Иерусали́мъ и на вся́ гра́ды Иу́дины, глаго́ля:
та́ко рече́ Госпо́дь Бо́гъ Изра́илевъ: иди́ ко седекі́и царю́ Иу́дину и рече́ши ему́: та́ко рече́ Госпо́дь: преда́нiемъ преда́ст­ся се́й гра́дъ въ ру́цѣ царя́ Вавило́нска, и во́зметъ его́ и пожже́тъ его́ огне́мъ:
и ты́ не уцѣлѣ́еши от­ руку́ его́, и я́тъ бу́деши, и въ ру́цѣ его́ преда́сися: и о́чи тво­и́ о́чи его́ у́зрятъ, и уста́ его́ со усты́ тво­и́ми соглаго́лютъ, и въ Вавило́нъ вни́деши.
Но оба́че слы́ши сло́во Госпо́дне, седекі́е, царю́ Иу́динъ! та́ко глаго́летъ Госпо́дь къ тебѣ́: не у́мреши от­ меча́, но въ ми́рѣ у́мреши:
и я́коже пла́каша отце́въ тво­и́хъ ца́р­ст­вовав­шихъ пре́жде тебе́, воспла́чут­ся и тебе́: увы́, го́споди, и́: увы́, го́споди! воспла́чут­ся и тебе́, я́ко сло́во а́зъ соглаго́лахъ, рече́ Госпо́дь.
И глаго́ла Иеремі́а проро́къ ко седекі́и царю́ Иу́дину вся́ словеса́ сiя́ во Иерусали́мѣ.
И си́ла царя́ Вавило́нска во­ева́ на Иерусали́мъ и на гра́ды Иу́дины оста́в­шыяся: на лахи́съ и на ази́ку, я́ко ті́и оста́шася во градѣ́хъ Иу́диныхъ гра́ды тве́рды.
Сло́во бы́в­шее ко иеремі́и от­ Го́спода, повнегда́ сконча́ти царю́ седекі́и завѣ́тъ къ лю́демъ, и́же во Иерусали́мѣ, е́же нарещи́ и́мъ от­пуще́нiе,
е́же от­пусти́ти кому́ждо раба́ сво­его́ и кому́ждо рабы́ню свою́, Евре́анина и Евре́аныню, свобо́дны, да не рабо́таетъ му́жъ от­ Изра́иля.
И обрати́шася вси́ вельмо́жи и вси́ лю́дiе вступи́в­шiи въ завѣ́тъ, е́же от­пусти́ти кому́ждо раба́ сво­его́ и кому́ждо рабу́ свою́ свобо́дны и ктому́ не владѣ́ти и́ми. Слы́шаша у́бо и от­пусти́ша.
И обрати́шася по си́хъ вспя́ть и удержа́ша па́ки рабы́ и рабы́ни своя́, и́хже от­пусти́ша свобо́дныхъ, и взя́ша въ рабы́ и рабы́ни.
И бы́сть сло́во Госпо́дне ко иеремі́и от­ Го́спода глаго́ля:
та́ко рече́ Госпо́дь Бо́гъ Изра́илевъ: а́зъ завѣща́хъ завѣ́тъ ко отце́мъ ва́шымъ въ де́нь, въ о́ньже изба́вихъ я́ от­ земли́ Еги́петскiя, изъ до́му рабо́ты, глаго́ля:
егда́ сконча́ют­ся ше́сть лѣ́тъ, да от­пу́стиши бра́та сво­его́ Евре́анина, и́же про́данъ е́сть тебѣ́: и да дѣ́лаетъ ти́ ше́сть лѣ́тъ, и да от­пу́стиши его́ свобо́дна от­ себе́. И не послу́шаша мене́ отцы́ ва́ши, ни при­­клони́ша у́ха сво­его́.
И обрати́стеся вы́ дне́сь сотвори́ти пра́вая предъ очи́ма мо­и́ма, е́же нарещи́ кому́ждо от­пуще́нiе бли́жняго сво­его́: и соверши́сте завѣ́тъ предъ лице́мъ мо­и́мъ въ дому́, идѣ́же нарѣче́ся и́мя мое́ въ не́мъ:
и от­врати́стеся, и оскверни́сте завѣ́тъ мо́й, е́же воз­врати́ти кому́ждо раба́ сво­его́ и кому́ждо рабу́ свою́, и́хже от­пусти́сте свобо́дны душе́ю и́хъ: и покори́сте и́хъ, я́коже бы́ти у ва́съ въ рабы́ и въ рабы́ни.
Того́ ра́ди си́це рече́ Госпо́дь: вы́ не послу́шасте мене́, нарещи́ от­пуще́нiя кі́йждо бра́ту сво­ему́ и кі́йждо бли́жнему сво­ему́: се́, а́зъ нарица́ю от­пуще́нiе ва́мъ на ме́чь и на сме́рть и на гла́дъ, и да́мъ вы́ на разсы́панiе всѣ́мъ ца́р­ст­вамъ земны́мъ:
и да́мъ му́жы преступи́в­шыя завѣ́тъ мо́й и не храня́щыя слове́съ завѣ́та мо­его́, ему́же со­изво́лиша предъ лице́мъ мо­и́мъ: телца́ его́же разсѣко́ша на двѣ́ ча́сти и ходи́ша между́ раздѣле́н­ными частьми́ его́:
кня́зи Иу́дины и кня́зи Иерусали́мли, и вельмо́жы и жерцы́ и вся́ лю́ди земли́ ходя́щыя между́ раздѣле́нымъ телце́мъ,
и да́мъ я́ въ ру́ки враго́мъ и́хъ и въ ру́ки и́щущихъ души́ и́хъ, и бу́дутъ тру́пи и́хъ въ я́дь пти́цамъ небе́снымъ и звѣре́мъ земны́мъ:
и седекі́ю царя́ Иуде́йска и кня́зи его́ да́мъ въ ру́цѣ враго́въ и́хъ и въ руку́ и́щущихъ души́ и́хъ и въ руку́ во́ин­ства царя́ Вавило́нска, от­бѣга́ющихъ от­ ни́хъ.
Се́, а́зъ завѣща́ю, рече́ Госпо́дь, и воз­вращу́ я́ въ зе́млю сiю́, и повою́ютъ на ню́, и во́змутъ ю́, и пожгу́тъ ю́ огне́мъ и гра́ды Иу́дины: и да́мъ я́ въ непрохо́дны от­ живу́щихъ.
КАЛОМЕ ки аз ҷониби Парвардигор дар замоне ки Набукаднесар подшоҳи Бобил ва тамоми лашкари ӯ, ва ҳамаи мамлакатҳои замин, ки зердасти ӯ буданд, ва ҳамаи қавмҳо бар зидди Ерусалим ва бар зидди ҳамаи шаҳрҳои он меҷангиданд, бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:
«Парвардигор, Худои Исроил чунин мегӯяд: бирав ва Сидқиё подшоҳи Яҳудоро хитоб намо ва ба ӯ бигӯй: ́Парвардигор чунин мегӯяд: инак, Ман ин шаҳрро ба дасти подшоҳи Бобил месупорам, ва ӯ онро ба оташ хоҳад сӯзонид;
Ва Ту аз дасти ӯ раҳо нахоҳӣ шуд, балки дастгир гардида, ба дасти ӯ супурда хоҳӣ шуд, ва чашмони ту чашмони подшоҳи Бобилро хоҳад дид, ва даҳони ӯ бо даҳони ту гуфтугӯ хоҳад кард, ва ту ба Бобил хоҳӣ рафт́.
Аммо каломи Парвардигорро бишнав, эй Сидқиё подшоҳи Яҳудо! Парвардигор дар бораи ту чунин мегӯяд: ту ба дами шамшер нахоҳӣ мурд;
Ту дар осоиштагӣ хоҳӣ мурд, ва чунон ки барои падарони ту, – барои подшоҳоне ки пеш аз ту буданд, – моддаҳои хушбӯй сӯзонидаанд, ончунон барои ту хоҳанд сӯзонид ва барои ту навҳа карда, хоҳанд гуфт: ́Э вой хоҷа!́, зеро ки ин суханро Ман гуфтам, – мегӯяд Парвардигор».
Ва Ирмиёи набӣ ҳамаи ин суханонро ба Сидқиё подшоҳи Яҳудо дар Ерусалим гуфт.
Дар ин миён лашкари подшоҳи Бобил бар зидди Ерусалим ва бар зидди ҳамаи шаҳрҳои боқимондаи Яҳудо, яъне бар зидди Локиш ва Азеқо меҷангиданд, зеро ки аз шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо фақат ҳамин шаҳрҳо боқӣ монда буданд.
Каломе ки аз ҷониби Парвардигор бар Ирмиё нозил шуд, баъд аз он ки подшоҳ Сидқиё бо тамоми қавме ки дар Ерусалим буданд, паймон баст, ки озодӣ эълон намоянд,
То ки ҳар кас ғуломи ибрии худ ва ҳар кас канизи ибрияи худро ба озодӣ ҷавоб диҳад, ва ҳеҷ кас барои яҳудии бародари худ ғулом набошад.
Ва ҳамаи мирон ва тамоми қавме ки ба ин паймон шарик шуданд, итоат карданд ба он ки ҳар кас ғуломи худ ва ҳар кас канизи худро ба озодӣ ҷавоб диҳад, ва дигар ғуломе надошта бошад, – ва онҳо итоат карданд ва ҷавоб доданд.
Валекин баъд аз ин онҳо аз фикри худ гашта, ғуломон ва канизонеро, ки ба озодӣ ҷавоб дода буданд, баргардонида, зердаст карданд, то ки ғулом ва каниз бошанд.
Ва каломи Парвардигор бар Ирмиё аз ҷониби Парвардигор нозил шуда, гуфт:
«Парвардигор, Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман бо падарони шумо дар рӯзе ки онҳоро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам, паймон баста, гуфтам:
́Дар соли ҳафтум, ки соли охирин аст, ҳар яке аз шумо бародари ибрии худро, ки худро ба ту фурӯхта бошад, ҷавоб диҳед: бигзор ӯ назди ту шаш сол ғулом бошад, ва баъд аз он ӯро аз пеши худ ба озодӣ ҷавоб деҳ́; вале падарони шумо Маро нашниданд, ва гӯши худро хам накарданд.
Ва алҳол шумо руҷӯъ намуда, он чиро, ки дар назари Ман ҳаққонист, ба амал овардед: ҳар кас барои ёри худ озодӣ эълон намуд, ва дар ҳузури Ман, дар хонае ки ба номи Ман номида шудааст, паймон бастед;
Вале аз фикри худ гашта, номи Маро хор доштед, ва ҳар кас ғуломи худ ва ҳар кас канизи худро, ки ба дилхоҳи онҳо ба озодӣ ҷавоб дода будед, баргардонида, онҳоро зердаст кардед, то ки барои шумо ғулом ва каниз бошанд.
Бинобар ин Парвардигор чунин мегӯяд: шумо Маро нашнидед дар бораи он ки ҳар кас барои бародари худ ва ҳар кас барои ёри худ озодӣ эълон намояд; пас, инак Ман, – мегӯяд Парвардигор, – барои шумо озодиро сӯи шамшер, вабо ва қаҳтӣ эълон хоҳам кард, ва шуморо барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат табдил хоҳам дод;
Ва таслим хоҳам намуд касонеро, ки паймони Маро поймол карданд ва ба ҷо наоварданд суханони паймонеро, ки ба ҳузури Ман ба василаи гӯсолае бастанд, ки онро ду пора карданд ва аз миёни пораҳои он гузаштанд,
Яъне мирони Яҳудо ва мирони Ерусалим, хоҷасароён ва коҳинон ва тамоми қавми заминро, ки аз миёни пораҳои гӯсола гузаштанд, –
Онҳоро ба дасти душманонашон ва ба дасти толибони ҷонашон таслим хоҳам намуд, ва ҷасадҳошон хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳад шуд.
Ва Сидқиё подшоҳи Яҳудо ва мирони ӯро ба дасти душманонашон ва толибони ҷонашон, ва ба дасти лашкари подшоҳи Бобил, ки аз назди шумо ақиб нишастаанд, таслим хоҳам намуд.
Инак, Ман амр мефармоям, – мегӯяд Парвардигор, – ва онҳоро сӯи ин шаҳр бармегардонам, ва онҳо ба муқобили он ҷангида, онро забт хоҳанд кард, ва онро ба оташ хоҳанд сӯзонид; ва шаҳрҳои Яҳудоро биёбони ғайримаскун хоҳам гардонид».

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible