Скрыть
4:1
4:17
4:20
4:21
4:24
4:30
«АГАР ту, эй Исроил, – мегӯяд Парвардигор – баргардӣ, агар сӯи Ман баргардӣ, ва агар қабоҳатҳои худро аз пеши Ман дур кунӣ, оворагард нахоҳӣ шуд.
Ва агар дар ростӣ, инсоф ва адолат ́ба ҳаёти Парвардигор!́ гӯён қасам ёд кунӣ, он гоҳ халқҳо дар вай баракат хоҳанд ёфт ва бо вай фахр хоҳанд кард».
Зеро ки Парвардигор ба мардони Яҳудо ва Ерусалим чунин мегӯяд: «Киштзори худро шудгор кунед, ва дар миёни хорҳо накоред.
Худро барои Парвардигор махтун намоед ва ғилофаки дилҳои худро дур кунед, эй мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим, мабодо ғазаби Ман, ба сабаби бадии аъмоли шумо, мисли оташ берун омада, аланга занад, ва касе набошад, ки онро хомӯш кунад.
Дар Яҳудо эълон намоед, ва дар Ерусалим бишнавонед ва бигӯед, ва бар замин шох навозед, ва бо овози баланд хитоб намуда, бигӯед: ́Ҷамъ шавед, то ки ба шаҳрҳои истеҳкомдор паноҳ барем́.
Байрақе ба ҷониби Сион барафрозед, сӯи истеҳкомҳо биравед, таваққуф накунед, зеро ки Ман мусибате ва таҳлукаи бузурге аз шимол меоварам.
Шере аз бешаи худ боло баромадааст, ва талафкунандаи халқҳо ҳаракат карда, аз макони худ берун омадааст, то ки замини туро ба биёбон табдил диҳад, ва шаҳрҳои ту хароб шуда, ғайримаскун гардад».
Бинобар ин палос пӯшида, мотам гиред ва навҳа кунед, зеро ки оташи ғазаби Парвардигор аз мо барнагаштааст.
«Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, – мегӯяд Парвардигор, – ки дили подшоҳ ва дили мирон афсурда хоҳад шуд; ва коҳинон маъюс хоҳанд гардид, ва анбиё дар ҳайрат хоҳанд афтод».
Ва гуфтам: «Ё Худоё Парвардигоро! Дар асл Ту ин қавм ва Ерусалимро фирефта карда, гуфтаӣ: ́Шуморо осоиштагӣ хоҳад буд́, ва ҳол он ки шамшер ба ҷон расидааст».
Дар он замон ба ин қавм ва ба Ерусалим гуфта хоҳад шуд: «Боди самум аз теппаҳои биёбон бар роҳи духтари қавми Ман мевазад, на барои бод додани хирман ва на барои тоза кардани он.
Боди шадиде аз он ҷо барои Ман хоҳад омад; акнун Ман низ бар онҳо довариҳо эълон хоҳам кард».
Инак, вай мисли абрҳо боло мебарояд, ва аробаҳояш мисли тундбод аст, ва аспонаш аз уқобон чобуктаранд; вой бар мо, зеро ки гирифтори тороҷ хоҳем шуд!
Дили худро аз шарорат шустушӯй намо, эй Ерусалим, то ки наҷот ёбӣ; то ба кай фикру хаёлҳои бади ту андаруни ту сокин бошад?
Зеро овозе аз ҷониби Дон, ва хабари мусибат аз кӯҳи Эфроим меояд:
«Ба халқҳо хотиррасон намоед, ба Ерусалим хабар диҳед, ки аз кишвари дурдаст муҳосиракунандагон меоянд, ва шаҳрҳои Яҳудоро бо овози худ пур мекунанд.
Онҳо мисли посбонони киштзор вайро иҳота менамоянд, зеро ки вай Маро ба хашм овардааст, – мегӯяд Парвардигор.
Роҳи ту ва аъмоли ту ин чизҳоро бар ту овардааст; ин бадии туст, ки сабаби талхкомии ту гардида, то ба дили ту расидааст».
Амъои ман, амъои ман! Маро ларза гирифтааст! Пардаҳои дили ман! Дили ман андаруни ман ба ҳаяҷон омадааст, наметавонам хомӯш монам; зеро ки ту, эй ҷони ман, овози шох ва нидоҳои ҷангро шунидаӣ.
Таҳлука бар таҳлука рӯй дода, тамоми замин валангор шудааст; хаймаҳои ман ногаҳон гирифтори тороҷ гардида, чодарҳои ман дар як он барбод рафтааст.
То ба кай ман байрақро бубинам ва овози шохро бишнавам?
«Зеро ки қавми Ман беақланд, Маро намешиносанд; онҳо писарони ҷоҳиланд ва фаҳме надоранд; ба бадӣ кардан ақлашон мерасад, вале кардани кори нек аз дасташон намеояд».
Ба замин нигоҳ кардам, ва инак, дар ҳолати ҳарҷумарҷ аст; ва сӯи осмон нигаристам, ва ҳеҷ нур надошт;
Ба кӯҳҳо нигоҳ кардам, ва инак, онҳо меларзанд, ва ҳамаи теппаҳо ба ҷунбиш омадаанд.
Нигоҳ кардам, ва инак, касе нест, ва ҳамаи мурғони осмон парида рафтаанд.
Нигоҳ кардам, ва инак, боғистон ба биёбон мубаддал шудааст, ва ҳамаи шаҳрҳои он аз ҳузури Парвардигор, аз оташи ғазаби Ӯ хароб шудааст.
Зеро ки Парвардигор чунин мегӯяд: «Тамоми замин валангор хоҳад шуд, вале онро комилан несту нобуд нахоҳам кард.
Замин дар ин хусус мотам хоҳад гирифт, ва осмон аз боло тира хоҳад шуд, зеро ки Ман инро гуфтам ва азм намудам, ва пушаймон нахоҳам шуд, ва аз ин азм нахоҳам гашт».
Аз ғулғулаи саворон ва тирандозон тамоми аҳли шаҳрҳо мегурезанд: ба ҷангалҳои анбӯҳ дохил мешаванд ва бар кӯҳпораҳо мебароянд; ҳамаи шаҳрҳо тарк карда мешаванд, ва касе дар онҳо боқӣ намемонад.
Ва ту, эй тороҷшуда, чӣ хоҳӣ кард? Агарчи либоси қирмизӣ мепӯшӣ, агарчи худро бо зеварҳои тилло оро медиҳӣ, агарчи ба чашмони худ сурма мекашӣ, лекин бар абас худро зинат медиҳӣ: хушдоронат аз ту нафрат пайдо кардаанд, ва қасди ҷони ту доранд.
Зеро овозе ба гӯшам мерасад, мисли фарёди зане ки дарди зоиш дорад ва ҳамчун зани навзой азоб мекашад, яъне овози духтари Сион, ки базӯр нафас гирифта ва дастҳои худро дароз карда, фиғон мекашад: «Эй вой бар ман, ки ҷонам аз дасти қотилон бемаҷол шудааст!»

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible