Скрыть
42:1
42:3
42:4
42:6
42:7
42:8
42:9
42:12
42:13
42:14
42:15
42:19
42:20
42:21
42:22
ВА ҳамаи лашкарбошиҳо, ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ, ва Езанё ибни Ҳӯшаъё, ва тамоми қавм аз хурд то калон пеш омаданд
Ва ба Ирмиёи набӣ гуфтанд: «Бигзор истиғосаи мо ба ҳузури ту мақбул афтад, ва ту барои мо, барои тамоми ин бақия назди Парвардигор Худои худ дуо гӯӣ, зеро ки мо каме аз бисёр боқӣ мондаем, чунон ки чашмонат моро мебинад;
Ва бигзор Парвардигор Худои ту роҳеро, ки бояд бо он биравем, ва кореро, ки бояд бикунем, ба мо нишон диҳад».
Ва Ирмиёи набӣ ба онҳо гуфт: «Шунидам; инак, ман назди Парвардигор Худои шумо бар тибқи гуфтори шумо дуо хоҳам гуфт, ва ҳар чи Парвардигор дар ҷавоби шумо бигӯяд, ба шумо эълон хоҳам намуд, ва ҳеҷ чизе аз шумо пинҳон нахоҳам дошт».
Ва онҳо ба Ирмиё гуфтанд: «Бигзор Парвардигор дар миёни мо шоҳиди рост ва амин бошад, ки мо бар тибқи ҳар он чи Парвардигор Худои ту ба воситаи ту назди мо бифиристад, амал хоҳем кард:
Хоҳ некӯ бошад ва хоҳ бад, лекин ба овози Парвардигор Худои мо, ки мо туро назди Ӯ мефиристем, гӯш хоҳем дод, то ки барои мо некӯ бишавад, вақте ки ба овози Парвардигор Худои мо гӯш диҳем».
Ва пас аз даҳ рӯз воқеъ шуд, ки каломи Парвардигор бар Ирмиё нозил шуд.
Ва ӯ Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи лашкарбошиҳое ки бо ӯ буданд, ва тамоми қавмро аз хурд то калон даъват намуд,
Ва ба онҳо гуфт: «Парвардигор, Худои Исроил, ки маро назди Ӯ фиристодед, то истиғосаи шуморо ба Ӯ бирасонам, чунин мегӯяд:
Агар шумо дар ин замин бимонед, Ман шуморо бино намуда, хароб нахоҳам кард, ва шуморо мисли ниҳоле шинонда, решакан нахоҳам кард, зеро аз мусибате ки бар шумо овардам, таассуф менамоям.
Аз подшоҳи Бобил, ки аз ӯ бим доред, натарсед; аз ӯ наҳаросед, – мегӯяд Парвардигор, – зеро ки Ман бо шумо ҳастам, то ки шуморо наҷот диҳам ва шуморо аз дасти ӯ раҳо намоям.
Ва Ман ба шумо раҳм хоҳам кард, то ки ӯ ба шумо марҳамат намояд, ва шуморо ба заминатон баргардонад.
Вале агар шумо гӯед: ́Дар ин замин нахоҳем монд́, ва ба овози Парвардигор Худои худ гӯш надода,
Бигӯед: ́Не, мо ба замини Миср хоҳем рафт, ки дар он ҷо рӯи ҷангро нахоҳем дид, ва садои шохро нахоҳем шунид, ва аз қаҳтии нон азоб нахоҳем кашид, ва дар он ҷо хоҳем зист́, –
Пас бинобар ин акнун, эй бақияи Яҳудо, каломи Парвардигорро бишнавед: Парвардигори лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: агар шумо ба рафтан ба Миср азм дошта бошед, ва рафта дар он ҷо сокин мешуда бошед,
Пас шамшере ки шумо аз он метарсед, он ҷо, дар замини Миср, шуморо хоҳад ёфт, ва қаҳтие ки шумо аз он хавотир доред, он ҷо, дар Миср, шуморо таъқиб хоҳад кард, ва дар он ҷо хоҳед мурд.
Ва ҳамаи одамоне ки ба рафтан ба Миср азм доранд, то ки дар он ҷо сокин шаванд, аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо хоҳанд мурд, ва ҳеҷ яке аз онҳо аз мусибате ки Ман бар онҳо хоҳам овард, боқӣ нахоҳад монд ва раҳо нахоҳад шуд.
Зеро ки Парвардигори лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: чунон ки хашми Ман ва ғазаби Ман бар сокинони Ерусалим фурӯ рехтааст, ончунон хашми Ман бар шумо, вақте ки ба Миср оед, фурӯ хоҳад рехт, ва шумо мавриди лаънат ва даҳшат ва нафрин ва нанг хоҳед шуд, ва ин маконро дигар нахоҳед дид.
Парвардигор дар бораи шумо, эй бақияи Яҳудо, гуфт: ́Ба Миср наравед! Яқин бидонед, ки Ман имрӯз шуморо таъкид намудам́.
Зеро шумо ҷонҳои худро дар иштибоҳ андохтед: шумо маро назди Парвардигор Худои худ фиристода, гуфтед: ́Барои мо назди Парвардигор Худои мо дуо гӯй, ва ҳар чи Парвардигор Худои мо бигӯяд, ба мо эълон намо, ва мо бар тибқи он амал хоҳем кард́.
Ва ман имрӯз ба шумо эълон намудам, вале шумо ба овози Парвардигор Худои худ ва ба ҳар чи Ӯ ба воситаи ман ба шумо фиристод, гӯш надодед.
Пас акнун бидонед, ки шумо дар маконе ки мехоҳед биравед ва дар он ҷо сокин шавед, аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо хоҳед мурд».

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible