Скрыть
5:2
5:4
5:11
5:16
5:20
5:25
5:27
5:30
«ДАР кӯчаҳои Ерусалим гардиш кунед, ва бубинед, ва бифаҳмед, ва дар майдонҳояш биҷӯед, ки оё касеро, ки аз рӯи инсоф амал кунад ва толиби ростӣ бошад, метавонед ёфт, то ки Ман онро биомурзам?
Ва агарчи онҳо ́ба ҳаёти Парвардигор!́ мегӯянд, лекин қасамашон бардурӯғ аст».
Парвардигоро! Чашмони Ту, охир, сӯи ростӣ нигаронида шудааст. Онҳоро зарба задӣ, вале дардро ҳис накарданд; онҳоро талаф намудӣ, панд гирифтан нахостанд; рӯйҳои худро аз сахра сахттар гардондаанд, намехоҳанд руҷӯъ намоянд.
Ва ман гуфтам: «Инҳо, охир, мардуми бенавоянд, гирифтори ҷаҳолатанд, чунки роҳи Парвардигорро, аҳкоми Худои худро намедонанд».
Пас, ман назди акобир рафта, бо онҳо гуфтугӯ мекунам, зеро ки онҳо роҳи Парвардигорро, аҳкоми Худои худро медонанд, аммо онҳо саросар юғро шикаста, бандҳоро баркандаанд.
Бинобар ин шере аз ҷангал онҳоро талаф хоҳад намуд, гурги биёбон онҳоро тороҷ хоҳад кард, паланг назди шаҳрҳои онҳо камин хоҳад гирифт: ҳар кӣ аз онҳо берун равад, дарида хоҳад шуд; зеро ки гуноҳҳои онҳо афзун шуда, муртадиҳои онҳо пурзӯр гардидааст.
«Чӣ гуна Ман туро барои ин аъмоли бад биомурзам? Писарони ту Маро тарк карданд ва ба чизҳое ки худо нестанд, қасам мехӯранд; ва онҳоро сер кардам, вале онҳо ба зинокорӣ дода шуданд, ва гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаҳои фоҳишагон даромаданд.
Онҳо мисли аспони охурӣ аз шаҳват маст шуданд: ҳар яке аз онҳо барои зани ёри худ шеҳа мезанад.
Оё барон чунин аъмол ҷазо нахоҳам дод? – мегӯяд Парвардигор. – Ва оё ҷони Ман аз чунин халқ интиқом нахоҳад гирифт?
Бар деворҳои токзори он баромада, онҳоро хароб намоед, вале комилан несту нобуд накунед; шохаҳояшро барканед, чунки онҳо аз они Парвардигор нестанд;
Зеро ки хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо дар ҳаққи Ман бисёр хиёнат карданд, – мегӯяд Парвардигор.
Онҳо Парвардигорро инкор карда, гуфтанд: ́Ӯ нест, ва мусибате бар мо нахоҳад омад, ва мо шамшер ва қаҳтиро нахоҳем дид;
Ва анбиё барбод хоҳанд рафт, ва калом дар онҳо нест; бигзор ин бар худашон воқеъ шавад!́»
Бинобар ин Парвардигор Худои лашкарҳо чунин мегӯяд: «Барои он ки шумо чунин сухан гуфтед, инак Ман суханони Худро дар даҳони ту ба оташ, ва ин қавмро ба ҳезум табдил хоҳам дод, ва онҳоро вай хоҳад хӯрд.
Инак, Ман бар шумо, эй хонадони Исроил, халқеро аз дурдаст хоҳам овард, – мегӯяд Парвардигор, – ки халқи зӯроваранд, халқи қадиманд, халқе ки забонашонро намедонӣ, ва гуфторашонро нахоҳӣ фаҳмид.
Тиркаши онҳо мисли қабри кушода мебошад; ҳамаашон ҷанговарони ҷасуранд.
Ва онҳо ҳосилоти ту ва нони туро хоҳанд хӯрд, писарон ва духтарони туро хоҳанд хӯрд, бузу гӯсфандон ва говони туро хоҳанд хӯрд, ангури ту ва анҷири туро хоҳанд хӯрд; шаҳрҳои истеҳкомдори туро, ки ба онҳо таваккал менамоӣ, бо шамшер валангор хоҳанд кард».
«Вале дар ҳамон рӯзҳо низ, – мегӯяд Парвардигор, – шуморо комилан несту нобуд нахоҳам кард.
Ва агар шумо бигӯед: ́Аз барои чӣ Парвардигор Худои мо ҳамаи ин балоҳоро бар мо овардааст?́ – ба онҳо бигӯй: ́Чунон ки шумо Маро тарк намудед ва ба худоёни бегона дар замини худ хизмат кардед, ончунон ба бегонаҳо дар замине ки аз они шумо набошад, хизмат хоҳед кард́.
Инро дар хонадони Яъқуб эълон карда ва дар Яҳудо хабар дода, бигӯед:
Инро бишнавед, эй қавми нодон ва бефаҳм, ки чашм доред, вале намебинед, гӯш доред, вале намешунавед!
Оё аз Ман наметарсед? – мегӯяд Парвардигор. – Оё аз ҳузури Ман ба ларза намеоед? Ман, охир, регро ҳудуди баҳр, қонуни ҷовидоние барояш қарор додаам, ки аз он намегузарад; ва мавҷҳояш талотум менамояд, вале ғолиб намешавад, ва ҳарчанд ба ғалаён меояд, наметавонад аз он бигзарад.
Валекин ин қавм дили беитоат ва исёнкор доранд; онҳо муртад шуданду рафтанд
Ва дар дили худ нагуфтанд: ́Аз Парвардигор Худои худ битарсем, ки Ӯ борони аввал ва охирро дар сари вақт меборонад, ҳафтаҳои барои дарав таъиншударо барои мо нигоҳ медорад́.
Гуноҳҳои шумо инро ақиб андохтааст, ва хатоҳон шумо некиро аз шумо дур кардааст.
Зеро дар миёни қавми Ман шарирон пайдо шудаанд, ки мисли сайёдон камин гирифта, дом мегузоранд ва одамонро сайд мекунанд.
Чунон ки қафас пур аз паррандагон аст, ончунон хонаҳои онҳо пур аз фиреб аст; бинобар ин онҳо бузург ва сарватдор шудаанд.
Фарбеҳ ва сергӯшт шудаанд, дар бадкорӣ аз ҳад гузаштаанд, даъвоҳоро, алалхусус даъвои ятимонро намесанҷанд, то ки онҳо комёб шаванд, ва бенавоёнро аз рӯи инсоф доварӣ намекунанд.
Оё барои чунин аъмол ҷазо нахоҳам дод? – мегӯяд Парвардигор. – Ва оё ҷони Ман аз чунин халқ интиқом нахоҳад гирифт?»
Чизи даҳшатангез ва зишт дар ин замин ба вуқӯъ меояд:
Анбиё бардурӯғ нубувват менамоянд, ва коҳинон бо ёрии онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва қавми Ман инро дӯст медоранд. Ва шумо дар охири ин чӣ хоҳед кард?

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible