Скрыть
147:1
147:2
147:4
147:6
Парвардигорро, эй Уршалим, ҳамд бигӯй ситоиш бикун; Худои худро, эй Сион, ситоиш намо;
Зеро Ӯ ғалақаҳои дарвозаҳоятро мустаҳкам мекунад; фарзандонатро андаруни ту баракат мефармояд.
Дар ҳудуди ту осоиш барқарор менамояд; туро аз мағзи гандум сер мегардонад.
Сухани Худро ба замин мефиристад: сухани Ӯ бағоят хеле зуд паҳн мешавад.
Барфро мисли пашм меборонад; қиравро мисли хокистар мепошад.
Жолаи Худро мисли нонҳои майда нонмайда мепартояд; кист, ки пеши сармои Ӯ истода тавонад?
Сухани Худро мефиристад ва онҳоро об мекунад; боди Худро мевазонад, ва обҳо ҷорӣ мешаванд.
Сухани Худро ба Яъқуб баён намудааст, қоидаҳои Худ ва довариҳои дастурҳои Худро ба Исроил.
Ба ҳеҷ як халқ чунин накардааст, ва дастурҳоро довариҳоро онҳо намедонанд. Ҳалелуёҳ!

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible