Скрыть
Псалом 143 
143:6
143:8
143:11
Псалом 144 
144:2
144:5
144:6
144:7
144:10
144:12
144:17
144:21
Псалом 145 
145:2
Псалом 146 
146:7
146:10
Псалом 147 
147:1
147:2
147:4
147:6
Псалом 148 
148:3
148:6
148:7
148:9
148:10
148:12
Псалом 149 
149:3
149:8
Псалом 150 
150:2
150:5
Таронаи Довуд. Муборак аст Парвардигор, ки кӯҳпораи ман аст; Ӯ дастҳоямро ҳарбу зарб, ва ангуштонамро ҷанг меомӯзад.
Ӯ меҳру вафои ман аст ва қалъаи ман, паноҳгоҳи ман аст ва раҳокунандаи ман, сипари ман аст, ва ба Ӯ паноҳ мебарам; қавми маро зердасти ман мегардонад.
Парвардигоро! Чист одам, ки ӯро бишносӣ? Ва фарзанди инсон, ки ӯро ба назари эътибор гирӣ?
Одамизод мисли як нафас аст: рӯзҳои вай мисли сояи даргузар аст.
Парвардигоро! Осмони Худро хамонида, фуруд ой; ба кӯҳҳо даст бирасон, то ки дуд кунанд.
Барқҳоро барқ Оташакҳоро оташак занонда, онҳоро пароканда соз; тирҳои Худро фиристода, онҳоро ҳаросон намо.
Дасти Худро аз баландӣ дароз намо афроз бифрист; маро бираҳон ва маро аз обҳои бисёр халосӣ деҳ, яъне аз дасти мардуми аҷнабӣ,
Ки даҳонашон суханони ҳеҷу пуч беҳуда мегӯяд, ва дасти росташон дасти рости бардурӯғ аст.
Худоё! Барои Ту суруди наве мехонам, бо уди даҳтор Туро месароям,
Ки подшоҳонро Ту наҷот мебахшӣ, ва бандаи Худ Довудро аз шамшери одамкуш қотил раҳо мекунӣ.
Маро бираҳон ва маро аз дасти мардуми аҷнабӣ халосӣ деҳ, ки даҳонашон суханони ҳеҷу пуч беҳуда мегӯяд, ва дасти росташон дасти рости бардурӯғ аст;
То ки писарони мо дар ҷавонии худ мисли ниҳолҳо нашъунамо ёбанд; духтарони мо мисли сутунгӯшаҳои кандакории кӯшке қасре зебо бошанд;
Анборҳои мо пуропур шуда, аз ҳар навъ нозу неъмат таъмин намоянд; рамаҳои мо ҳазорҳо бор афзуда, бевар-бевар даҳҳо ҳазор дар чарогоҳҳои мо чарида гарданд;
Барзаговҳои мо фарбеҳ Говҳои мо пурбор шаванд; на рахнае ба амал ояд, на ғорате гумшудае, на фиғоне дар кӯчаҳои майдонҳои мо.
Хушо қавме ки аҳволаш чунин аст! Хушо қавме ки Парвардигор Худои ӯст!

Ҳамду санои Довуд. Туро, эй Худои ман, эй подшоҳ, болобардор хоҳам кард, ва номи Туро ҷовидона муборак хоҳам хонд.
Ҳар рӯз Туро муборак хоҳам хонд, ва номи Туро ҷовидона ситоиш хоҳам кард.
Парвардигор бузург аст ва сазовори ситоиши зиёд; ва бузургии Ӯ беҳадду беканор аст.
Насле ба насли дигар Аз насл ба насл корҳои Туро ситоиш хоҳанд намуд, ва қудрати Туро эълон ривоят хоҳанд кард.
Дар бораи шукӯҳ арҷмандии ҷалоли Ту ва корномаҳои аҷоиби Ту фикру хаёл нақл хоҳам кард.
Ва дар бораи қуввати корҳои саҳмгини тарсовари Ту сухан хоҳанд ронд; ва бузургии Туро нақл хоҳам кард.
Ёдбуди Ёдоварии некӯии бисёри бузурги Туро ҳикоя эълон хоҳанд намуд, ва росткории Туро хоҳанд сароид.
Парвардигор бахшанда бахшоянда ва дилсӯз аст, дерхашм пуртоқат ва пур аз меҳру вафо пурмеҳру вафо.
Парвардигор барои ҳама некӯст, ва раҳмдилиҳои Ӯ бар тамоми корҳои Ӯст.
Туро, эй Парвардигор, тамоми корҳоят сипос мегӯяд, ва порсоёнат Туро муборак мехонанд;
Аз ҷалоли подшоҳии Ту сухан хоҳанд ронд меронанд, ва қудрати Туро баён хоҳанд кард тавсиф менамоянд;
То ки қудрати Ӯро ба банӣ одам маълум кунанд, ва ҷалоли арҷмандии подшоҳии Ӯро.
Подшоҳии Ту подшоҳии ҳамаи замонҳост, ва ҳукмфармоии Ту дар ҳамаи наслҳост.
Парвардигор ҳамаи афтодагонро дастгирӣ мекунад, ва ҳамаи хамидақоматонро рост мегардонад.
Чашмони ҳама сӯи Ту интизорӣ доранд, ва Ту ризқи онҳоро дар вақташ мерасонӣ.
Дасти Худро мекушоӣ, ва ҳамаи зиндаҳоро бо ризомандӣ мувофиқи хосташон сер мекунӣ.
Парвардигор дар ҳамаи роҳҳои Худ росткор аст. ва дар тамоми корҳои Худ пур аз меҳру вафост.
Парвардигор наздик аст ба ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд, ба ҳамаи онҳое ки Ӯро ба ростӣ мехонанд.
Хоҳиши тарсгорони Худро ба ҷо меоварад, ва фарёди онҳоро мешунавад, ва онҳоро наҷот медиҳад.
Парвардигор ҳамаи дӯстдорони Худро нигаҳбонӣ мекунад, ва ҳамаи бадкоронро нест хоҳад кард.
Даҳонам ҳамду санои Парвардигорро мегӯяд, ва тамоми башар номи поки Ӯро ҷовидона муборак мехонад.

Ҳалелуёҳ. Эй ҷонам, Парвардигорро таъриф ситоиш намо.
Тамоми умри худ Парвардигорро таъриф ситоиш хоҳам кард; то даме ки вуҷуд дорам, Худои худро хоҳам сароид.
Ба мирон умедвор набошед, ба фарзанди одам, ки дар вай наҷоте нест:
Рӯҳи вай берун меравад, вай ба хоки худ бармегардад; дар ҳамон рӯз андешаҳои вай нест мешаванд.
Хушо касе ки Худои Яъқуб мададгори Ёри ӯст, ва умеди ӯ бар Парвардигор Худои ӯст,
Ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар онҳост; Ӯ ростиро ҷовидона нигаҳбонӣ мекунад;
Ба ситамкашон додгарӣ мекунад, ба гуруснагон нон медиҳад; Парвардигор бандиёнро озод мекунад.
Парвардигор чашми кӯронро мекушояд; Парвардигор хамидақоматонро рост мегардонад; Парвардигор росткоронро дӯст медорад.
Парвардигор ғарибонро нигаҳбонӣ менамояд, ятимон ва бевазанонро қувват медиҳад рӯҳбаланд мекунад, ва роҳи бадкоронро каҷ мекунад.
Парвардигор ҷовидона подшоҳӣ хоҳад кард, Худои ту, эй Сион, аз насл ба насл. Ҳалелуёҳ!

Ҳалелуёҳ. Зеро некӯст Худои моро сароидан; зеро ин дилпазир аст: ҳамду санои шоиста аст.
Парвардигор Уршалимро бино мекунад, парокандагони Исроилро ҷамъ меоварад;
Дилшикастагонро шифо мебахшад, ва ҷароҳатҳои онҳоро мебандад;
Миқдори ситораҳоро ба ҳисоб мегирад: ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад.
Худованди мо бузург аст ва пурқувват; хиради Ӯ беҳадду беканор аст.
Фурӯтанонро Нармдилонро Парвардигор рӯҳбаланд мекунад қувват медиҳад; бадкоронро то ба замин паст мезанад.
Барои Парвардигор бо шукрона суруд хонед; Худои моро бо барбат бисароед,
Ки Ӯ осмонро бо абрҳо мепӯшонад, барои замин борон муҳайё мекунад, бар кӯҳҳо алаф месабзонад.
Ба чорпо хӯрок медиҳад, ва ба бачаҳои зоғ, ки сӯи Ӯ мехонанд.
На қуввати неруи аспро меписандад, на аз соқҳои одам ризоманд мешавад:
Парвардигор аз тарсгорони Худ ризоманд мешавад, ва аз онҳое ки ба меҳру вафои Ӯ умедворанд.

Парвардигорро, эй Уршалим, ҳамд бигӯй ситоиш бикун; Худои худро, эй Сион, ситоиш намо;
Зеро Ӯ ғалақаҳои дарвозаҳоятро мустаҳкам мекунад; фарзандонатро андаруни ту баракат мефармояд.
Дар ҳудуди ту осоиш барқарор менамояд; туро аз мағзи гандум сер мегардонад.
Сухани Худро ба замин мефиристад: сухани Ӯ бағоят хеле зуд паҳн мешавад.
Барфро мисли пашм меборонад; қиравро мисли хокистар мепошад.
Жолаи Худро мисли нонҳои майда нонмайда мепартояд; кист, ки пеши сармои Ӯ истода тавонад?
Сухани Худро мефиристад ва онҳоро об мекунад; боди Худро мевазонад, ва обҳо ҷорӣ мешаванд.
Сухани Худро ба Яъқуб баён намудааст, қоидаҳои Худ ва довариҳои дастурҳои Худро ба Исроил.
Ба ҳеҷ як халқ чунин накардааст, ва дастурҳоро довариҳоро онҳо намедонанд. Ҳалелуёҳ!

Ҳалелуёҳ. Парвардигорро аз осмонҳо сипос гӯед ситоиш кунед; Ӯро дар баландиҳо афрозҳо сипос гӯед ситоиш кунед.
Ӯро ситоиш кунед, эй ҳамаи фариштагони Ӯ; Ӯро ситоиш кунед, эй ҳамаи лашкарҳои Ӯ.
Ӯро ситоиш кунед, эй офтоб ва моҳ; Ӯро ситоиш кунед, эй ҳамаи ситорагони нур.
Ӯро ситоиш намо, эй осмони осмонҳо, ва эй обҳои болои осмонҳо.
Номи Парвардигорро ситоиш мекунанд, зеро Ӯ фармудааст, ва онҳо офарида шудаанд.
Ва онҳоро ҷовидона пойдор доштааст; ва қонуне муқаррар намудааст, ва аз он нахоҳанд даргузашт.
Парвардигорро аз замин ситоиш кунед, эй наҳангон ва ҳамаи обҳои замин;
Эй оташ ва жола, эй барф ва дуд, эй боди тунд, ки сухани Ӯро ба ҷо меоварӣ;
Эй кӯҳҳо ва ҳамаи талҳо, эй дарахтони мевадор ва ҳамаи арзҳо;
Эй ҳайвонҳо ва ҳамаи чорпоён, эй хазандагон ва мурғони болдор;
Эй подшоҳони замин ва ҳамаи қабилаҳо, эй мирон ва ҳамаи доварони замин;
Эй ҷавонон ва бокираҳо низ, эй пирон ва наврасон.
Номи Парвардигорро ситоиш мекунанд, зеро танҳо номи Ӯ барафрошта барафрохта аст, шукӯҳи Ӯ бар замин ва осмон аст.
Ва Ӯ шохи қавми Худро баланд бардоштааст, то ки ситоише бошад барои ҳамаи порсоёни Ӯ, барои банӣ Исроил, ки қавми ба Ӯ наздик ҳастанд. Ҳалелуёҳ.

Ҳалелуёҳ. Барои Парвардигор суруди наве бихонед; ва ҳамду сано ба Ӯ дар ҷамъомади порсоён ситоиши Ӯро дар ҷамоати порсоён.
Бигзор Исроил дар Офаридгори худ шодӣ кунад; фарзандони Сион дар Подшоҳи худ хурсандӣ кунанд;
Номи Ӯро дар рақс ситоиш намоянд; бо даф ва барбат Ӯро бисароянд,
Зеро Парвардигор аз қавми Худ ризоманд аст, фурӯтанонро нармдилонро бо наҷот шукӯҳ мебахшад.
Бигзор порсоён дар ҷалол хушнуд шаванд, бар бистарҳошон садои шодӣ бароранд сурудхонӣ намоянд;
Ситоишҳои Худо дар даҳонашон бошад, ва шамшери дудама дар дасташон,
То ки аз халқҳо қасос гиранд, қабилаҳоро сарзаниш намоянд:
Подшоҳони онҳоро бо занҷирҳо бандӣ кунанд, ва калоншавандаҳои онҳоро бо завлонаҳои оҳанин;
Бар онҳо довариро, ки навишта шудааст, ба амал оваранд; ин барои ҳамаи порсоёни Ӯ арҷмандӣ хоҳад буд. Ҳалелуёҳ!

Ҳалелуёҳ. Худоро дар покгоҳи Ӯ ситоиш кунед; Ӯро дар фалаки қуввати Ӯ ситоиш кунед.
Ӯро дар қудрати Ӯ ситоиш кунед; Ӯро мувофиқи бузургии азамати Ӯ ситоиш кунед.
Ӯро бо навохтани шох ситоиш кунед; Ӯро бо уд ва барбат ситоиш кунед.
Ӯро бо даф ва рақс ситоиш кунед; Ӯро бо созҳо ва най ситоиш кунед.
Ӯро бо шақшақаҳои хушнаво ситоиш кунед; Ӯро бо шақшақаҳои баландовоз ситоиш кунед.
Бигзор ҳар кӣ нафас мекашад, Парвардигорро ситоиш кунад. Ҳалелуёҳ!

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible