Скрыть
1:4
1:6
1:7
1:8
1:10
1:12
1:13
1:14
1:16
1:21
1:22
1:23
1:24
1:26
1:27
1:28
Ва марде аз Ромотаим-Сӯфим, аз кӯҳистони Эфроим буд; ва номаш Элқоно ибни Ерӯҳом, ибни Элиҳу, ибни Тӯҳу, ибни Суф буд, – ва ӯ эфротӣ буд.
Ва ӯ ду зан дошт: номи яке Ҳанно ва номи дигаре Фанинно буд: ва Фанинно бача дошт, вале Ҳанно бача надошт.
Ва он мард ҳар сол аз шаҳри худ мерафт, то ки Парвардигори лашкарҳоро дар Шилӯ парастиш намояд ва барои Ӯ қурбонӣ кунад; ва дар он ҷо ду писари Элӣ, Ҳофнӣ ва Финҳос, коҳинони Парвардигор буданд.
Ва дар он рӯзе ки Элқоно қурбонӣ мекард, ба зани худ Фанинно ва ба ҳамаи писарон ва духтарони вай ҳиссаҳо медод;
Валекин ба Ҳанно ҳиссаи дучанд медод, зеро ки Ҳанноро дӯст медошт, агарчи Парвардигор батни вайро баста буд.
Ва палонҷаш вайро сахт ранҷонида, бисёр ба хашм меовард, барои он ки Парвардигор батнашро баста буд.
Ва ин тавр ҳар сол воқеъ мешуд: ҳар боре ки вай ба хонаи Парвардигор меомад, палонҷаш чунон вайро меранҷонид, ки вай гиря мекард ва чизе намехӯрд.
Ва шавҳараш Элқоно ба вай мегуфт: «Эй Ҳанно! Чаро гиря мекунӣ, ва чаро чизе намехӯрӣ, ва чаро дилат ғамгин аст? Ман, охир, барои ту аз даҳ писар беҳтар ҳастам».
Ва Ҳанно, баъд аз хӯрдан ва нӯшидан дар Шилӯ, бархост; ва Элии коҳин назди паҳлударии маъбади Парвардигор бар курсӣ нишаста буд.
Ва вай бо сӯзи дил сӯи Парвардигор дуо мегуфт ва зор-зор мегирист.
Ва назр намуда, гуфт: «Эй Парвардигори лашкарҳо! Агар ба азияти канизи Худ назар андозӣ, ва маро ба ёд оварӣ, ва канизи Худро фаромӯш накунӣ, ва фарзанди наринае ба канизи Худ ато фармоӣ, ман ӯро тамоми айёми умраш ба Парвардигор хоҳам дод, ва поку ба сари ӯ нахоҳад расид».
Ва азбаски дуои вай ба ҳузури Парвардигор тӯл кашид, Элӣ ба даҳони вай назар дӯхт.
Ва Ҳанно дар дили худ сухан мегуфт: лабҳояш фақат меҷунбид, вале овозаш шунида намешуд; бинобар ин Элӣ гумон кард, ки вай маст аст.
Ва Элӣ ба вай гуфт: «То ба кай маст мешавӣ? Шаробро аз худ дур кун».
Вале Ҳанно ҷавоб гардонида, гуфт: «Не, хоҷаам; ман зани дилшикастае ҳастам, ва маю шароб наменӯшам, балки дили худро ба ҳузури Парвардигор холӣ кардам.
Канизи худро зани нобакоре ҳисоб накун; зеро ки аз бисёрии андӯҳ ва кулфати худ то ҳол сухан рондаам».
Ва Элӣ ҷавоб гардонида, гуфт: «Ба саломатӣ бирав, ва Худои Исроил хоҳиши туро, ки аз Ӯ илтимос кардаӣ, ба амал хоҳад овард».
Ва вай гуфт: «Кошки канизи ту дар назарат илтифот ёбад!» Ва зан ба роҳи худ рафт; ва хӯрок мехӯрд, ва чеҳрааш дигар ғамгин набуд.
Ва онҳо бомдодон бархоста, ба ҳузури Парвардигор парастиш карданд, ва баргашта, ба хонаи худ ба Ромо омаданд; ва Элқоно бо зани худ Ҳанно хобид, ва Парвардигор вайро ба ёд овард.
Ва баъд аз муддате Ҳанно ҳомила гардида, писаре зоид, ва номи ӯро Самуил хонд, зеро ки ӯро аз Парвардигор талабидаам, гуфт вай.
Ва шавҳараш Элқоно бо тамоми аҳли хонааш рафт, то ки қурбонии солона ва назри худро барои Парвардигор тақдим намояд.
Вале Ҳанно нарафт, зеро ки ба шавҳараш гуфта буд: «Вақте ки писар аз сина ҷудо шавад, ӯро хоҳам бурд, ва ӯ назди Парвардигор ҳозир шуда, дар он ҷо ба таври доимӣ хоҳад монд».
Ва шавҳараш Элқоно ба вай гуфт: «Он чи дар назарат писанд ояд, бикун; то вақте ки ӯро аз сина ҷудо кунӣ, бимон; кошки Парвардигор суханашро ба амал оварад!» Ва зан монд, ва писарашро маконид, то вақте ки ӯро аз сина ҷудо кард.
Ва ҳангоме ки ӯро аз сина ҷудо кард, як наргови сесола, як эфа орд ва як машк шароб гирифта, бо ӯ баромад, ва ӯро ба хонаи Парвардигор ба Шилӯ овард; ва писар ҳанӯз хурд буд.
Ва нарговро куштанд, ва писарро назди Элӣ оварданд.
Ва Ҳанно гуфт: «Лутфан, эй хоҷаам! Ба ҳаётат қасам мехӯрам, эй хоҷаам! Ман ҳамон зан ҳастам, ки дар ин ҷо назди ту истода, сӯи Парвардигор дуо гуфта будам.
Барои ҳамин писар дуо гуфта будам, ва Парвардигор хоҳиши маро, ки аз Ӯ илтимос карда будам, ба ман ато фармуд.
Ва ман ӯро барои Парвардигор вақф намудам: ӯ тамоми айёми умри худ вақф барои Парвардигор хоҳад буд». Ва дар он ҷо Парвардигорро парастиш карданд.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible