Скрыть
3:2
3:3
3:4
3:8
3:9
3:12
3:17
Церковнославянский (рус)
И воста́ зау́тра Иису́съ, и воз­двиго́шася изъ Сатти́на, и прiидо́ша до Иорда́на то́й и вси́ сы́нове Изра́илевы, и ста́ша та́мо пре́жде не́же прейти́.
И бы́сть по трiе́хъ дне́хъ, про­идо́ша книго́чiя чрезъ по́лкъ,
и заповѣ́даша лю́демъ, глаго́люще: егда́ у́зрите киво́тъ завѣ́та Го́спода Бо́га на́­шего, и жерцы́ на́шя, и леви́ты воз­двиза́ющыя его́, да воз­дви́гнетеся и вы́ от­ мѣ́стъ ва́шихъ и по́йдете вслѣ́дъ его́:
но пода́лѣе да бу́детъ между́ ва́ми и о́нымъ, ели́ко двѣ́ ты́сящы лако́тъ ста́нете: не при­­бли́житеся къ нему́, да увѣ́сте пу́ть, по нему́же по́йдете: не ходи́сте бо путе́мъ тѣ́мъ ни вчера́, ни тре́тiяго дне́.
И рече́ Иису́съ къ лю́демъ: очи́ститеся нау́трiе, я́ко зау́тра сотвори́тъ въ ва́съ Госпо́дь чу́дная.
И рече́ Иису́съ къ жерце́мъ: воз­дви́гните киво́тъ завѣ́та Госпо́дня и предъиди́те предъ людьми́. И взя́ша жерцы́ киво́тъ завѣ́та Госпо́дня и идо́ша предъ людьми́.
И рече́ Госпо́дь ко Иису́су: въ се́й де́нь начина́ю воз­выша́ти тя́ предъ всѣ́ми сынми́ Изра́илевыми, да увѣ́дятъ, я́коже бѣ́хъ съ Моисе́омъ, та́ко бу́ду и съ тобо́ю:
и ны́нѣ заповѣ́ждь жерце́мъ воз­двиза́ющымъ киво́тъ завѣ́та, глаго́ля: егда́ вни́дете на ча́сть воды́ Иорда́на, и во Иорда́нѣ ста́нете.
И рече́ Иису́съ сыно́мъ Изра́илевымъ: при­­ступи́те сѣ́мо, и слы́шите сло́во Го́спода Бо́га ва́­шего:
въ си́хъ увѣ́сте, я́ко Госпо́дь живя́й въ ва́съ и потребля́яй потреби́тъ от­ лица́ ва́­шего Ханане́а и Хетте́а, и Ферезе́а и Еве́а, и Гергесе́а и Аморре́а и Иевусе́а:
се́, киво́тъ завѣ́та Го́спода всея́ земли́ прехо́дитъ Иорда́нъ:
избери́те себѣ́ два­на́­де­сять муже́й от­ сыно́въ Изра́илевыхъ, еди́наго от­ ко­его́ждо пле́мене,
и бу́детъ егда́ почі́ютъ но́зи жерце́въ воз­двиза́ющихъ киво́тъ завѣ́та Го́спода всея́ земли́ въ водѣ́ Иорда́на, вода́ Иорда́нова оскудѣ́етъ, вода́ же низтеку́щая ста́нетъ.
И бы́сть егда́ воз­дви́гнушася лю́дiе от­ ку́щъ сво­и́хъ прейти́ Иорда́нъ, жерцы́ же воз­двиго́ша киво́тъ завѣ́та Госпо́дня предъ людьми́:
егда́ же внидо́ша жерцы́ воз­дви́жуще киво́тъ завѣ́та Госпо́дня во Иорда́нъ, и но́зи жерце́въ воз­двиза́ющихъ киво́тъ завѣ́та Госпо́дня омочи́шася въ ча́сти воды́ Иорда́на, Иорда́нъ же наполня́шеся во вся́ краи́ своя́, я́коже во дни́ жа́твы пшени́цы:
и ста́ша во́ды теку́щыя свы́ше, ста́ огустѣ́нiе еди́но от­лучи́в­шееся дале́че зѣло́ зѣло́ от­ Адами́ гра́да да́же до страны́ Карiаѳiари́ма: низтеку́щая же низтече́ въ мо́ре Ара́вско, въ мо́ре Сла́ное, до́ндеже до конца́ оскудѣ́.
И лю́дiе стоя́ху пря́мо Иерихо́ну. И ста́ша жерцы́ воз­двиза́ющiи киво́тъ завѣ́та Госпо́дня на су́сѣ посредѣ́ Иорда́на: и вси́ сы́нове Изра́илевы прехожда́ху по су́ху, до́ндеже сконча́ша вси́ лю́дiе преходя́ще Иорда́нъ.
Ва Еҳушаъ бомдодон бармаҳал бархост, ва ӯ ва тамоми банӣ Исроил аз Шиттим равона шуда, ба Урдун омада расиданд, ва пеш аз он ки гузаранд, шабро дар он ҷо гузарониданд.
Ва баъд аз гузаштани се рӯз нозирон андаруни бошишгоҳ давр заданд,
Ва ба қавм фармуда, гуфтанд: «Вақте ки сандуқи паймони Парвардигор Худои худро бубинед, ки коҳинон ва левизодагон онро бардошта мебаранд, шумо низ аз ҷои худ равона шавед, ва аз ақиби он биравед.
Аммо дар миёни шумо ва он то ду ҳазор араш масофа бояд бошад; ба он наздик нашавед, то роҳеро, ки бо он хоҳед рафт, бидонед, зеро ки шумо ҳаргиз бо ин роҳ нагузаштаед».
Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Худро пок намоед, зеро ки фардо Парвардигор дар миёни шумо корҳои аҷоиб хоҳад кард».
Ва Еҳушаъ ба коҳинон сухан ронда, гуфт: «Сандуқи паймонро бардошта, пеши қавм гузаред». Ва онҳо сандуқи паймонро бардошта, пеши қавм равона шуданд.
Ва Парвардигор ба Еҳушаъ гуфт: «Имрӯз Ман ба бузург гардонидани ту дар назари тамоми Исроил шурӯъ менамоям, то бидонанд, ки чунон ки бо Мусо будам, ончунон бо ту хоҳам буд;
Ва ту ба коҳинони бардорандаи сандуқи паймон фармуда, бигӯй: ́Ҳамин ки ба канори обҳои Урдун бирасед, дар Урдун биистед́».
Ва Еҳушаъ ба банӣ Исроил гуфт: «Ба ин ҷо наздик омада, суханони Парвардигор Худои худро бишнавед».
Ва Еҳушаъ гуфт: «Бо ин хоҳед донист, ки Худои зинда дар миёни шумост, ва Ӯ канъониён ва ҳиттиён ва ҳиввиён ва фариззиён ва ҷирҷошиён ва амӯриён ва ябусиёнро аз пеши шумо нобуд хоҳад кард;
Инак, сандуқи паймони Молики тамоми ҷаҳон пешопеши шумо аз Урдун хоҳад гузашт;
Ва алҳол шумо дувоздаҳ нафар аз сибтҳои Исроил, аз ҳар сибт як нафар, барои худ бигиред;
Ва ҳамин ки кафи пойҳои коҳинони бардорандаи сандуқи паймони Парвардигори Молики тамоми ҷаҳон ба обҳои Урдун дохил шавад, обҳои Урдун, обҳое ки аз боло фуруд меояд, қатъ гардида, мисли деворе хоҳад бозистод».
Ва ҳангоме ки қавм аз хаймаҳои худ равона шуданд, то аз Урдун гузаранд, ва коҳинони бардорандаи сандуқи паймон пешопеши қавм буданд,
Ҳамин ки бардорандагони сандуқ ба Урдун расиданд, ва пойҳои коҳинони бардорандаи сандуқ ба канори об ғӯтид, – дар сурате ки Урдун тамоми айёми дарав бар ҳамаи соҳилҳояш лабрез мешавад, –
Обҳое ки аз боло фуруд меомад, ба масофаи бисёр дур аз шаҳри Одом, ки дар ҷониби Сортон аст, мисли деворе бозистод, ва обҳое ки сӯи баҳри биёбон, яъне баҳри Намак, фуруд меомад, тамоман қатъ гардид, ва қавм дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ гузаштанд.
Ва коҳинони бардорандаи сандуқи паймони Парвардигор андаруни Урдун дар хушкӣ маҳкам меистоданд, ва тамоми Исроил дар хушкӣ мегузаштанд, то даме ки аз Урдун гузаштани тамоми халқ анҷом ёфт.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible