Скрыть
11:1
11:4
11:6
11:7
11:8
11:9
11:11
11:13
11:15
11:17
11:18
11:20
11:22
11:23
11:24
11:26
11:28
Церковнославянский (рус)
И бы́сть, егда́ соверши́ Иису́съ заповѣ́дая обѣма­на́­де­ся­те ученико́ма Сво­и́ма, пре́йде от­ту́ду учи́ти и проповѣ́дати во градѣ́хъ и́хъ.
[Зач. 40.] Иоа́н­нъ же слы́шавъ во узи́лищи дѣла́ Христо́ва, посла́ два́ от­ учени́къ сво­и́хъ,
рече́ Ему́: Ты́ ли еси́ Гряды́й, или́ ино́го ча́емъ?
И от­вѣща́въ Иису́съ рече́ и́ма: ше́дша воз­вѣсти́та Иоа́н­нови, я́же слы́шита и ви́дита:
слѣпі́и прозира́ютъ и хро́мiи хо́дятъ, прокаже́н­нiи очища́ют­ся и глусі́и слы́шатъ, ме́ртвiи востаю́тъ и ни́щiи благовѣ­ст­ву́ютъ:
и блаже́нъ е́сть, и́же а́ще не соблазни́т­ся о Мнѣ́.
Тѣ́ма же исходя́щема, нача́тъ Иису́съ наро́домъ глаго́лати о Иоа́н­нѣ: чесо́ изыдо́сте въ пусты́ню ви́дѣти? Тро́сть ли вѣ́тромъ коле́блему?
Но чесо́ изыдо́сте ви́дѣти? Человѣ́ка ли въ мя́гки ри́зы облече́н­на? Се́, и́же мя́гкая нося́щiи, въ домѣ́хъ ца́рскихъ су́ть.
Но чесо́ изыдо́сте ви́дѣти? Проро́ка ли? Е́й, глаго́лю ва́мъ, и ли́шше проро́ка.
Се́й бо е́сть, о не́мже е́сть пи́сано: се́, А́зъ посыла́ю А́нгела Мо­его́ предъ лице́мъ Тво­и́мъ, и́же угото́витъ пу́ть Тво́й предъ Тобо́ю.
Ами́нь глаго́лю ва́мъ, не воста́ въ рожде́н­ныхъ жена́ми бо́лiй Иоа́н­на Крести́теля: мні́й же во Ца́р­ст­вiи Небе́снѣмъ бо́лiй его́ е́сть.
От дні́й же Иоа́н­на Крести́теля досе́лѣ Ца́р­ст­вiе Небе́сное ну́дит­ся {съ ну́ждею воспрiе́млет­ся}, и ну́ждницы восхища́ютъ е́:
вси́ бо проро́цы и зако́нъ до Иоа́н­на прореко́ша.
И а́ще хо́щете прiя́ти, то́й е́сть Илiа́ хотя́й прiити́:
имѣ́яй у́шы слы́шати да слы́шитъ.
[Зач. 41.] Кому́ же уподо́блю ро́дъ се́й? Подо́бенъ е́сть дѣ́темъ сѣдя́щымъ на то́ржищихъ, и воз­глаша́ющымъ друго́мъ сво­и́мъ
и глаго́лющымъ: писка́хомъ ва́мъ, и не пляса́сте: пла́кахомъ ва́мъ, и не рыда́сте.
Прiи́де бо Иоа́н­нъ ни яды́й, ни пiя́й: и глаго́лютъ: бѣ́са и́мать.
Прiи́де Сы́нъ Человѣ́ческiй яды́й и пiя́й: и глаго́лютъ: се́, человѣ́къ я́дца и винопі́йца, мытаре́мъ дру́гъ и грѣ́шникомъ. И оправди́ся прему́дрость от­ ча́дъ сво­и́хъ.
[Зач. 42.] Тогда́ нача́тъ Иису́съ поноша́ти градово́мъ, въ ни́хже бы́ша мно́жайшыя си́лы Его́, зане́ не пока́яшася:
го́ре тебѣ́, Хорази́не, го́ре тебѣ́, Виѳсаи́до: я́ко а́ще въ Ти́рѣ и Сидо́нѣ бы́ша си́лы бы́ли бы́в­шыя въ ва́съ, дре́вле у́бо во вре́тищи и пе́пелѣ пока́ялися бы́ша:
оба́че глаго́лю ва́мъ Ти́ру и Сидо́ну от­ра́днѣе бу́детъ въ де́нь су́дный, не́же ва́мъ.
И ты́, Капернау́ме, и́же до небе́съ воз­несы́йся, до а́да сни́деши: зане́ а́ще въ Cодо́мѣхъ бы́ша си́лы бы́ли бы́в­шыя въ тебѣ́, пребы́ли у́бо бы́ша до дне́шняго дне́:
оба́че глаго́лю ва́мъ, я́ко земли́ Cодо́мстѣй от­ра́днѣе бу́детъ въ де́нь су́дный, не́же тебѣ́.
Въ то́ вре́мя от­вѣща́въ Иису́съ рече́: исповѣ́даютися, О́тче, Го́споди небесе́ и земли́, я́ко утаи́лъ еси́ сiя́ от­ прему́дрыхъ и разу́мныхъ и от­кры́лъ еси́ та́ младе́нцемъ:
е́й, О́тче, я́ко та́ко бы́сть благоволе́нiе предъ Тобо́ю.
[Зач. 43.] Вся́ Мнѣ́ пре́дана су́ть Отце́мъ Мо­и́мъ: и никто́же зна́етъ Сы́на, то́кмо Оте́цъ: ни Отца́ кто́ зна́етъ, то́кмо Сы́нъ, и ему́же а́ще во́литъ Сы́нъ от­кры́ти.
Прiиди́те ко Мнѣ́ вси́ тружда́ющiися и обремене́н­нiи, и А́зъ упоко́ю вы́:
воз­ми́те и́го Мое́ на себе́ и научи́теся от­ Мене́, я́ко кро́токъ е́смь и смире́нъ се́рдцемъ: и обря́щете поко́й душа́мъ ва́шымъ:
и́го бо Мое́ благо, и бре́мя Мое́ легко́ е́сть.
Чун Исо насиҳатгӯиро ба дувоздаҳ шогирди Худ ба анҷом расонд, аз он ҷо равона шуд, то ки дар шаҳрҳои онҳо таълим диҳад ва мавъиза кунад.
Вақте ки Яҳё дар зиндон корҳои Масеҳро шунид, ду нафар аз шогидони худ фиристод,
То ки ба Ӯ бигӯянд: «Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?»
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи шунидаед ва дидаед, ба Яҳё бигӯед:
Кӯрҳо мебинанд ва шалҳо роҳ мараванд, махавиён пок мешаванд ва карҳо мешунаванд, мурдагон эҳё мешаванд, ва ба мискинон башорат дода мешавад;
Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтад».
Ва ҳагоме ки онҳо рафтанд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани найе ки аз бод меларзад?
Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Онҳое ки сару либоси нарм дар бар доранд, дар қасрҳои подшоҳонанд.
Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як пайғамбар? Оре, ба шумо мегӯям ки вай аз пайғамбар ҳам бузургтар аст.
Зеро вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: ́Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад́.
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда барнахост; лекин он ки дар Малакути Осмон хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст.
Ва аз айёми Яҳёи Таъмиддиҳанда то алҳол Малакути Осмон бо зӯрӣ ба даст оварда мешавад, ва зӯроварон онро мерабоянд;
Зеро ки тамоми пайғамбарон ва Таврот то вақти зуҳури Яҳё пешгӯӣ караанд.
Ва агар қабул кардан хоҳед, вай Илёс аст, ки бояд биёяд.
Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!
Лекин ин наслро ба кӣ монанд кунам? Вай ба кӯдаконе монанд аст, ки дар кӯчаҳо нишаста ва ба рафиқони худ муроҷиат карда,
Мегӯянд: ́Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем нагиристед́.
Зеро ки Яҳё омад, намехӯрад ва наменӯшад; мегӯянд: ́Дев дорад́.
Писари Одам омад, мехӯрад ва менӯшад; мегӯянд: ́Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст́. Ва ҳикмат аз тарафи фарзандонаш тасдиқ карда мешавад».
Он гоҳ Ӯ ба мазаммат кардани шаҳрҳое шурӯъ намуд, ки аксари мӯъҷизоти Ӯ дар он ҷо зоҳир шуда буд, чунки тавба накарда буданд.
«Вой бар ҳоли ту, эй Кӯрозин! Вой бар ҳоли ту, эй Байт-Сайдо! Зеро агар мӯъҷизоте ки дар шумо зоҳир шуд, дар Сӯр ва Сидӯн зоҳир мешуд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд;
Лекин ба шумо мегӯям: дар рӯзи доварӣ ҳолати Сӯр ва Сидӯн аз шумо сабуктар хоҳад буд.
Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дӯзах сарнагун хоҳӣ шуд; зеро агар мӯъҷизоте ки дар ту зоҳир шуд, дар Садӯм зоҳир мешуд, вай то имрӯз боқӣ мемонд;
Лекин ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи доварӣ ҳолати сарзамини Садӯм аз ту сабуктар хоҳад буд».
Дар он вақт Исо суханашро давом дода, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ.
Оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд.
Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст, ва ҳеҷ кас Писарро, ҷуз Падар, намешиносад; ва ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ҷуз Писар ва касе ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад.
Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид;
Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт;
Зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст».
Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible