Скрыть
26:1
26:5
26:7
26:8
26:9
26:10
26:12
26:13
26:16
26:18
26:19
26:22
26:23
26:25
26:27
26:29
26:30
26:33
26:35
26:38
26:40
26:41
26:42
26:43
26:44
26:45
26:46
26:48
26:49
26:50
26:51
26:55
26:56
26:58
26:60
26:62
26:65
26:66
26:68
26:69
26:71
26:72
26:73
26:75
Таджикский
Чун Исо ҳамаи ин суханонро ба поён расонд, ба шогирдони Худ гуфт:
«Шумо медонед, ки пас аз ду рӯз иди фисҳ аст, ва Писари Одам таслим карда хоҳад шуд, то ки маслуб гардад».
Он гоҳ саркоҳинон ва китобдонон ва пирони қавм дар ҳавлии саркоҳин, ки Қаёфо ном дошт, ҷамъ омаданд,
Ва машварат карданд, ки Исоро бо ҳила дастгир карда, ба қатл расонанд;
Лекин мегуфтанд: «На дар ид, мабодо дар байни мардум ошӯбе рӯй диҳад».
Ва ҳангоме ки Исо дар Байт-Ҳинӣ дар хонаи Шимъӯни махавӣ буд,
Зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони гаронбаҳо назди Ӯ омад ва дар ҳолате ки Ӯдар сари дастархон нишаста буд, бар сари Ӯ рехт.
Ва шогирдонаш, чун инро диданд, норозӣ шуда, гуфтанд: «Ин исрофкорӣ барои чист?
Зеро ки равғани атрафшонро ба қимати гарон фурӯхта, ба мискинон додан мумкин буд».
Лекин Исо инро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро занро хиҷил мекунед? Вай барои Ман кори некӯ кард;
Зеро мискинон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам;
Вай ин равғани атрафшонро бар Бадани Ман рехта, Маро барои дафн тайёр кард;
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр хоҳад ёфт».
Он гоҳ яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудои Исқарют ном дошт, пеши саркоҳинон рафт
Ва гуфт: «Ба ман чӣ хоҳед дод, то ки Ӯро ба шумо таслим кунам?» Онҳо ба вай сӣ сиккаи нуқра таклиф карданд;
Ва аз он дам вай фурсат меҷуст, ки Ӯро таслим кунад.
Дар рӯзи аввали иди фатир шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ фисҳро барои хӯрдани Ту тайёр кунем?»
Гуфт: «Ба шаҳр назди фалонӣ биравед ва бигӯед: ́Устод мегӯяд: вақти Ман наздик аст, ва фисҳро бо шогирдони Худ дар хонаи ту мегузаронам́».
Ва шогирдон он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд, ва фисҳро омода карданд.
Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ дар сари дастархон нишаст;
Ва ҳангоме ки таом мехӯрданд, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумоён Маро таслим хоҳад кард».
Онҳо бисёр ғамгин шуданд ва паси ҳамдигар ба Ӯ мегуфтанд: «Худовандо, оё он манам?»
Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Он ки бо Ман даст дар табақ меандозад, ҳамон кас Маро таслим хоҳад кард;
Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт».
Дар ҷавоб Яҳудо, ки таслимкунандаи Ӯ буд гуфт: «Эй Устодам, оё ин манам?» Ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ».
Ва ҳангоме ки онҳо таом мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон доду гуфт: «Бигиред ва бихӯред, ки ин бадани Ман аст».
Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дода, гуфт: «Ҳама аз ин бинӯшед;
Зеро ин аст Хуни Ман аз паймони навин, ки барои бисёр касон аз баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад.
Аммо ба шумо мегӯям, ки минбаъд аз ин шираи ангур нахоҳам нӯшид, то ҳамон рӯзе ки дар Малакути Падари Худ онро бо шумо тоза бинӯшам».
Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд.
Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод, зеро навишта шудааст: «Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандони рама пароканда хоҳанд шуд».
Аммо пас ас эҳё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт».
Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Агар ҳама дар ҳаққи Ту ба васваса афтанд ҳам, ман ҳаргиз намеафтам».
Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард».
Петрус ба Ӯ гуфт: «Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, Туро инкор намекунам». Ҳамаи шогирдон низ ҳамчунин гуфтанд.
Баъд аз ин Исо бо онҳо ба мавзее ки Ҷатсамонӣ номдошт, омад, ва ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо бинишинед, то дар он ҷо дуо гӯям».
Ва Петрус ва ҳарду писари Забдойро бо Худ бурд; ва хеле маҳзун ва дилтанг шуд.
Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бо Ман бедор бошед».
Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо карда, гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман бигзарад; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту».
Ва назди шогирдонаш омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Оё натавонистед соате бо Ман бедор бошед?
Бедор бошед ва дуо гӯд, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон».
Бори дигар рафта, боз дуо кард ва гуфт: «Эй Падари ман! Агар мумкин набошад, ки ин коса, бе он ки онро бинӯшам, аз ман бигзарад, пас он чи иродаи Туст, бишавад».
Ва омада, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд.
Ва онҳоро гузошта, боз рафт ва бори сеюм бо ҳамон суханон дуо гуфт.
Он гоҳ назди шогирдонаш омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Инак, соат расидааст, ва Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад;
Бархезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад».
Ва ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисёре аз ҷониби саркоҳинон ва пирони қавм бо шамшеру таёқҳо омаданд.
Таслимкунандаи Ӯ ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бибӯсам, Ӯ Ҳамон аст, Ӯро дастгир кунед».
Ва дарҳол назди Исо омада, гуфт: «Ассалом, эй Устод!» Ва Ӯро бӯсид.
Лекин Исо ба вай гуфт: «Эй рафиқ, барои чӣ омадӣ?» Ва онҳо наздик омада, дастҳои худро бар Исо андохтанд, ва Ӯро гирифтанд.
Ва ногоҳ яке аз ҳамроҳони Исо даст оварда, шамшери худро аз ғилоф кашид ва ба ғуломи саркоҳин зада, гӯши вайро бурида партофт.
Исо ба вай гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун, зеро ҳар кӣ шамшер кашад, ба шамшер кушта шавад.
Ё гумон мекунӣ, ки алҳол наметавонам аз Падари Худ хоҳиш намоям, ки барои Ман зиёда аз дувоздаҳ фавҷ фриштагонро равона кунад?
Лекин дар он сурат Навиштаҳо чӣ гуна ба амал меояд, ки ҳамин тавр бояд бишавад?
Лекин ҳамон соат Исо ба мардум гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед, ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад нишаста, таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед.
Лекин ин ҳама шуд, то ки навиштаҳои пайғамбарон ба амал ояд». Он гоҳ ҳамаи шогирдон Ӯро вогузошта, гурехтанд.
Ва онҳое ки Исоро дастгир карданд, Ӯро назди саркоҳин Қаёфо оварданд, ки дар он ҷо китобдонон ва пирон ҷамъ омада буданд.
Лекин Петрус аз дур, то ҳавлии саркоҳин, аз пайи Ӯ равона шуд; ва ба даруни он даромада, бо хизматгорон нишаст, то ки анҷоми корро бубинад.
Саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон дар ҷустуҷӯи шаҳодати бардурӯғе бар зидди Исо буданд, то Ӯро ба қатл расонанд,
Лекин наёфтанд; бо вуҷуди он ки бисёр шоҳидони козиб омада буданд, ҳеҷ наёфтанд. Ниҳоят, ду шоҳиди козиб омада,
Гуфтанд: «Ӯ мегуфт: ́Метавонам маъбади Худоро вайрон кунам ва дар зарфи се рӯз онро аз нав бино кунам́».
Ва саркоҳин бархоста, ба Ӯ гуфт: «Ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?»
Аммо Исо хомӯш монд. Ва саркоҳин ба Ӯ гуфт: «Туро ба Худои Ҳай қасам медиҳам, ба мо бигӯ, ки оё Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ?»
Исо ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ; аммо Ман ба шумо мегӯям: пас аз ин Писари Одамро хоҳед дид, ки ба ямини қудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд».
Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро даронда гуфт: «Ӯ куфр гуфт! Дигар ба шоҳидон чи ҳоҷат дорем? Инак, акнун шумо куфри Ӯро шунидед!
Чӣ мулоҳиза доред?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Сазовори марг аст».
Он гоҳ ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд, ва Ӯро мезаданд; баъзеҳо Ӯро торсакӣ мезаданд
Ва мегуфтанд: «Эй Масеҳ, ба мо пайғамбарӣ кун, ки Туро кӣ задааст?»
Аммо Петрус дар берун, дар рӯи ҳавлӣ нишаста буд. Ва канизе назди вай омада, гуфт: «Ту низ бо Исои Ҷалилӣ будӣ».
Лекин вай дар назди ҳама инкор карда, гуфт: «Намедонам, ки ту чӣ мегӯӣ».
Вақте ки аз дарвоза берун мерафт, канизи дигаре вайро дида, ба онҳое ки дар он ҷо буданд, гуфт: «Ин ҳам бо Исои Носирӣ буд».
Вай бори дигар инкор карда, қасам хӯрд, ки Он Одамро намешиносад.
Пас аз муддате ҳозирон наздик омада, ба Петрус гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту низ яке онҳо мебошӣ, зеро ки лаҳҷаи ту ба ин шаҳодат медиҳад».
Он гоҳ вай ба савганду қасам хӯдан оғоз намуда, гуфт: «Он Одамро намешиносам». Ва дарҳол хурӯс бонг зад.
Ва Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард». Ва берун рафта, зор-зор гирист.
1 Предсказание Иисуса Христа о Своей смерти; заговор первосвященников и старейшин. 6 Помазание Иисуса Христа в Вифании. 14 Предательство Иуды. 17 Приготовление к Пасхе. 20 Вечеря Господня; хлеб и чаша. 31 Предсказание об отречении Петра. 36 Гефсимания; 47 предательство и взятие Иисуса. 57 На суде Синедриона. 69 Отречение Петра.
[Зач. 107.] Когда Иисус окончил все слова сии, то сказал ученикам Своим:
вы знаете, что через два дня будет Пасха, и Сын Человеческий предан будет на распятие.
Тогда собрались первосвященники и книжники и старейшины народа во двор первосвященника, по имени Каиафы,
и положили в совете взять Иисуса хитростью и убить;
но говорили: только не в праздник, чтобы не сделалось возмущения в народе.
[Зач. 108.] Когда же Иисус был в Вифании, в доме Симона прокаженного,
приступила к Нему женщина с алавастровым сосудом мира драгоценного и возливала Ему возлежащему на голову.
Увидев это, ученики Его вознегодовали и говорили: к чему такая трата?
Ибо можно было бы продать это миро за большую цену и дать нищим.
Но Иисус, уразумев сие, сказал им: что смущаете женщину? она доброе дело сделала для Меня:
ибо нищих всегда имеете с собою, а Меня не всегда имеете;
возлив миро сие на тело Мое, она приготовила Меня к погребению;
истинно говорю вам: где ни будет проповедано Евангелие сие в целом мире, сказано будет в память ее и о том, что она сделала.
Тогда один из двенадцати, называемый Иуда Искариот, пошел к первосвященникам
и сказал: что вы дадите мне, и я вам предам Его? Они предложили ему тридцать сребреников;
и с того времени он искал удобного случая предать Его.
В первый же день опресночный приступили ученики к Иисусу и сказали Ему: где велишь нам приготовить Тебе пасху?
Он сказал: пойдите в город к такому-то и скажите ему: Учитель говорит: время Мое близко; у тебя совершу пасху с учениками Моими.
Ученики сделали, как повелел им Иисус, и приготовили пасху.
Когда же настал вечер, Он возлег с двенадцатью учениками;
и когда они ели, сказал: истинно говорю вам, что один из вас предаст Меня.
Они весьма опечалились, и начали говорить Ему, каждый из них: не я ли, Господи?
Он же сказал в ответ: опустивший со Мною руку в блюдо, этот предаст Меня;
впрочем Сын Человеческий идет, как писано о Нем, но горе тому человеку, которым Сын Человеческий предается: лучше было бы этому человеку не родиться.
При сем и Иуда, предающий Его, сказал: не я ли, Равви́? Иисус говорит ему: ты сказал.
И когда они ели, Иисус взял хлеб и, благословив, преломил и, раздавая ученикам, сказал: приимите, ядите: сие есть Тело Мое.
И, взяв чашу и благодарив, подал им и сказал: пейте из нее все,
ибо сие есть Кровь Моя Нового Завета, за многих изливаемая во оставление грехов.
Сказываю же вам, что отныне не буду пить от плода сего виноградного до того дня, когда буду пить с вами новое вино в Царстве Отца Моего.
И, воспев, пошли на гору Елеонскую.
Тогда говорит им Иисус: все вы соблазнитесь о Мне в эту ночь, ибо написано: поражу пастыря, и рассеются овцы стада;
по воскресении же Моем предварю вас в Галилее.
Петр сказал Ему в ответ: если и все соблазнятся о Тебе, я никогда не соблазнюсь.
Иисус сказал ему: истинно говорю тебе, что в эту ночь, прежде нежели пропоет петух, трижды отречешься от Меня.
Говорит Ему Петр: хотя бы надлежало мне и умереть с Тобою, не отрекусь от Тебя. Подобное говорили и все ученики.
Потом приходит с ними Иисус на место, называемое Гефсимания, и говорит ученикам: посидите тут, пока Я пойду, помолюсь там.
И, взяв с Собою Петра и обоих сыновей Зеведеевых, начал скорбеть и тосковать.
Тогда говорит им Иисус: душа Моя скорбит смертельно; побудьте здесь и бодрствуйте со Мною.
И, отойдя немного, пал на лицо Свое, молился и говорил: Отче Мой! если возможно, да минует Меня чаша сия; впрочем не как Я хочу, но как Ты.
И приходит к ученикам и находит их спящими, и говорит Петру: та́к ли не могли вы один час бодрствовать со Мною?
бодрствуйте и молитесь, чтобы не впасть в искушение: дух бодр, плоть же немощна.
Еще, отойдя в другой раз, молился, говоря: Отче Мой! если не может чаша сия миновать Меня, чтобы Мне не пить ее, да будет воля Твоя.
И, придя, находит их опять спящими, ибо у них глаза отяжелели.
И, оставив их, отошел опять и помолился в третий раз, сказав то же слово.
Тогда приходит к ученикам Своим и говорит им: вы всё еще спите и почиваете? вот, приблизился час, и Сын Человеческий предается в руки грешников;
встаньте, пойдем: вот, приблизился предающий Меня.
И, когда еще говорил Он, вот Иуда, один из двенадцати, пришел, и с ним множество народа с мечами и кольями, от первосвященников и старейшин народных.
Предающий же Его дал им знак, сказав: Кого я поцелую, Тот и есть, возьмите Его.
И, тотчас подойдя к Иисусу, сказал: радуйся, Равви́! И поцеловал Его.
Иисус же сказал ему: друг, для чего ты пришел? Тогда подошли и возложили руки на Иисуса, и взяли Его.
И вот, один из бывших с Иисусом, простерши руку, извлек меч свой и, ударив раба первосвященникова, отсек ему ухо.
Тогда говорит ему Иисус: возврати меч твой в его место, ибо все, взявшие меч, мечом погибнут;
или думаешь, что Я не могу теперь умолить Отца Моего, и Он представит Мне более, нежели двенадцать легионов Ангелов?
как же сбудутся Писания, что та́к должно быть?
В тот час сказал Иисус народу: как будто на разбойника вышли вы с мечами и кольями взять Меня; каждый день с вами сидел Я, уча в храме, и вы не брали Меня.
Сие же всё было, да сбудутся Писания пророков. Тогда все ученики, оставив Его, бежали.
[Зач. 109.] А взявшие Иисуса отвели Его к Каиафе первосвященнику, куда собрались книжники и старейшины.
Петр же следовал за Ним издали, до двора первосвященникова; и, войдя внутрь, сел со служителями, чтобы видеть конец.
Первосвященники и старейшины и весь синедрион* искали лжесвидетельства против Иисуса, чтобы предать Его смерти, //*Верховное судилище.
и не находили; и, хотя много лжесвидетелей приходило, не нашли. Но наконец пришли два лжесвидетеля
и сказали: Он говорил: могу разрушить храм Божий и в три дня создать его.
И, встав, первосвященник сказал Ему: что же ничего не отвечаешь? что́ они против Тебя свидетельствуют?
Иисус молчал. И первосвященник сказал Ему: заклинаю Тебя Богом живым, скажи нам, Ты ли Христос, Сын Божий?
Иисус говорит ему: ты сказал; даже сказываю вам: отныне у́зрите Сына Человеческого, сидящего одесную силы и грядущего на облаках небесных.
Тогда первосвященник разодрал одежды свои и сказал: Он богохульствует! на что́ еще нам свидетелей? вот, теперь вы слышали богохульство Его!
как вам кажется? Они же сказали в ответ: повинен смерти.
Тогда плевали Ему в лице и заушали Его; другие же ударяли Его по ланитам
и говорили: прореки нам, Христос, кто ударил Тебя?
Петр же сидел вне на дворе. И подошла к нему одна служанка и сказала: и ты был с Иисусом Галилеянином.
Но он отрекся перед всеми, сказав: не знаю, что ты говоришь.
Когда же он выходил за ворота, увидела его другая, и говорит бывшим там: и этот был с Иисусом Назореем.
И он опять отрекся с клятвою, что не знает Сего Человека.
Немного спустя подошли стоявшие там и сказали Петру: точно и ты из них, ибо и речь твоя обличает тебя.
Тогда он начал клясться и божиться, что не знает Сего Человека. И вдруг запел петух.
И вспомнил Петр слово, сказанное ему Иисусом: прежде нежели пропоет петух, трижды отречешься от Меня. И выйдя вон, плакал горько.
Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible